Пайвандҳои дастрасӣ

Дипломати баландпояи Амрико дар Осиёи Марказӣ


Як дипломати баландпояи Амрико мегӯяд, Туркманистон дар арсаи ҳуқуқи инсон ба пешрафтҳое даст ёфтааст, аммо кори зиёде дар ин замина дорад, ки бояд анҷом диҳад. Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Амрико, дар сӯҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ, сабти расмии Калисои Католик ва ҳамчунин ислоҳи Кодекси Ҷиноии Туркманистон, ки барои қочоқбарони инсон ҷазоҳои нав муқарар кардааст, пешрафт дар амри беҳбуди ҳуқуқи инсон хонд. Аммо ӯ гуфт: "Бахшҳои зиёди дигаре ҳаст, ки ба пешрафти зиёдтаре зарурат дорад. Мо бо раиси ҷумҳур гуфтӯгуи самимӣ, боз ва хуб доштем ва дар мавриди он ки чӣ гуна Амрико метавонад ба Туркманистон дар роҳи рафъи чолишҳои пеши рӯяш кӯмак кунад. Роберт Блейк бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон мулоқот кард ва имрӯз ҳамчунин аз Ӯзбакистону Қирғизистон боздид мекунад.
XS
SM
MD
LG