Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ шикоят аз Януковичро баррасӣ мекунад


Як додгоҳи Украина, баррасии шикояти як нафарро шурӯъ кардааст, ки ӯ раиси ҷумҳур Виктор Януковичро барои баёнияи баҳсбарангезаш дар мавриди қаҳтии солҳои 30-юм дар Украина ба додгоҳ кашидааст. Виктор Янукович, дар ҳузури вакилони аврупоӣ гуфта буд, ки “дуруст нест, қаҳтии бузург дар солҳои 1932-1933 дар Украинаро наслкушӣ шумурд”. Владимир Волосюк, даъвогар дар додгоҳ мегӯяд, ки Виктор Янукович бо ин изҳорот, ба шарафи ӯ ва хотираи миллионҳо украинии аз қаҳтӣ ҳалокшуда беэҳтиромӣ кардааст. Ӯ мехоҳад, то Виктор Янукович, барои чунин баёяниааш расман аз мардум маъзарат хоҳад. Қаҳтии солҳои 30 дар шӯравии собиқ ҷони миллионҳо нафар, аксаран украиниҳоро гирифт.
XS
SM
MD
LG