Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии сенати Покистон аз хушунатҳои мазҳабӣ


Сенати Покистон аз хушунатҳои мазҳабӣ дар шаҳри Карочӣ ибрози нигаронӣ карда ва аз вазорати умури дохила хостааст, роҳҳои беҳбуди вазъро пайдо кунад. Аз рӯзи 14 то 15 июн дар натиҷаи хушунатҳои мазҳабӣ дар ин шаҳр дасти кам ҳафт нафар кушта шуд ва теъдоди қурбониёни низоъҳои мазҳабӣ дар беш як ҳафта ба 20 нафар расид. Бино ба гузориши Радиои Машъал, дар миёни кушташудагон Муҳаммад Иброҳим Мано, як узви мӯътабари Ҳизби Аҳли Суннат-ал-Ҷамоъат низ будааст. Пеш аз қатли ин рӯҳонӣ, як шиъамазҳаб дар шаҳри Карочӣ кушта шуд. Шаҳри мазкур дар гузашта борҳо шоҳиди низоъҳои мазҳабии хунини миёни суннӣ ва шиъамазҳабон ва ҳамчунин аққалиятҳои пашту ва ӯрдузабонони Покистон шудааст.
XS
SM
MD
LG