Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон ба Қирғизистон


Субҳи рӯзи 16–уми июн як корвони ёрии башардӯстона бо 180 тонна маводи аввалияи ғизоӣ дар 18 мошини «Камаз» барои сокинони манотиқи даргири Қирғизистон аз шаҳри Хуҷанд озими шаҳри Бодканди ин кишвар шуд.
Мухтори Абдуллоҳ, сухангӯи раиси вилояти Суғд, дар тамоси телефонӣ аз роҳи Бодканд ба Озодӣ гуфт, маводи ғизоӣ аз 100 тон орд, ҳамчунин равғани рустанӣ, биринҷу макарон ва сабзавот иборат аст.
Вай афзуд, корвонро намояндагони мақомоти Суғд ҳамроҳӣ мекунанд ва бо ҷониби Қирғизистон мувофиқа шудааст, ки дар шаҳри Бодканд ба намояндагони вилояти Ҷалолобод аз номи ҳукумати Тоҷикистон месупоранд.
XS
SM
MD
LG