Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол: Натоиҷи панҷ рӯзи мусобиқот


Дар рӯзи панҷуми сабқати Ҷоми ҷаҳонии футбол тими машҳури Бразил нахустин пирӯзиро ба даст овард. Ду бозии дигар бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.

Дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои ҷанубӣ рӯзи панҷуми рақобатҳо, 15-уми июн, се бозӣ баргузор шуд.

Нахуст тимҳои Зеландияи Нав ва Словакия дар гурӯҳи F рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Виттек, бозигари Словакия, дар дақиқаи 50-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Рейд, бозигари Зеландияи Нав, дар дақиқаи охирин (90-ум) зад.

Бозии гурӯҳи G байни тимҳои Кот–Д’ Ивуар ва Португол бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Рӯзи панҷуми мусобиқот бозии охирин байни тимҳои Бразил ва Кореяи Шимолӣ дар гурӯҳи G доир шуд. Бразилиҳо бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. Ду голи Бразилро Майкон (дақиқаи 55-ум) ва Элано (дақиқаи 72-юм) ба самар расонданд. Голи Кореяи Шимолиро Ҷи Юн Нам (дақиқаи 89-ум) зад.

Ба ин тартиб дар панҷ рӯзи мусобиқот дар 7 гурӯҳ 14 бозӣ баргузор шудааст:

Гурӯҳи А – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ) – Мексика – 1:1, Уругвай – Фаронса – 0:0.
ҶАҶ – 1 имтиёз (1 бозӣ). Мексика – 1 (1). Уругвай – 1 (1). Фаронса – 1 (1).
Гурӯҳи В – Кореяи Ҷанубӣ - Юнон -2:0, Аргентина – Нигерия – 1:0.
Кореяи Ҷанубӣ - 3 (1). Аргентина – 3 (1). Нигерия – 0 (1). Юнон -0 (1).
Гурӯҳи С – Инглистон – ИМА – 1:1, Алҷазоир – Словения – 0:1.
Словения – 3 (1). Инглистон – 1 (1). ИМА – 1 (1). Алҷазоир – 0 (1).
Гурӯҳи D – Сербия – Гана – 0:1, Олмон – Австралия – 4:0.
Олмон – 3 (1). Гана – 3 (1). Сербия – 0 (1). Австралия – 0 (1).
Гурӯҳи Е – Ҳолланд – Дания – 2:0, Ҷопон – Камерун – 1:0.
Ҳолланд – 3 (1). Ҷопон – 3 (1). Камерун – 0 (1). Дания – 0 (1).
Гурӯҳи F – Итолиё – Парагвай – 1:1, Зеландияи Нав – Словакия – 1:1.
Итолиё – 1 (1). Парагвай – 1(1). Зеландияи Нав – 1 (1). Словакия – 1 (1).
Гурӯҳи G - Кот – Д’ Ивуар – Португол – 0:0, Бразил – Кореяи Шимолӣ - 2:1.
Бразил – 3 (1). Кот – Д’ Ивуар – 1 (1). Португол – 1(1). Кореяи Шимолӣ - 0(1).

Имрӯз, 16-уми июн, чаҳор дастаи гурӯҳи охирин - Н вориди сабқат мешаванд. Соати 16.30 бо вақти Душанбе тимҳои Гондурас ва Чили, соати 19 бо вақти Душанбе дастаҳои Испониё ва Швейтсария қувваозмоӣ хоҳанд кард. Як бозии даври дуввум дар гурӯҳи А соати 23.30 бо вақти Душанбе миёни тимҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Уругвай шурӯъ мешавад.

Дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки барои бори аввал дар қораи Африқо барпо мегардад, 32 тими миллӣ ширкат дорад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз 8 гурӯҳ 16 даста ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Баъдан 8 дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегирад. Сипас бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд.

Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 1930 то инҷониб ҳамагӣ 207 тими миллӣ ширкат кардааст ва 7 даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Бразилия аз ҳама бештар – 5 бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё 4 маротиба (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон 3 бор (1954, 1974, 1990), Аргентина (1978, 1986) ва Уругвай (1930, 1950) дуборӣ, Фаронса (1998) ва Инглистон (1966) якборӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Нахустин қаҳрамони ҷаҳон Уругвай (соли 1930) ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Итолиё (2006) мебошанд.
XS
SM
MD
LG