Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз мақомҳои амниятии Қирғизистон ва Узбакистон тақозо кардааст, то хабари ширкати шаҳрвандони ин кишвар дар нооромихои Қирғизистонро бо далелҳо шарҳ диҳанд.

Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар парлумони кишвар ба суоли вакилон посух медод, афзуд, ки дар сурати исбот нашудани ин иттиҳомот бояд ҷониби Қирғизистон тариқи васоити ахбори омма пӯзиш пурсад.



Қаблан расонаҳо аз қавли Қувват Байболов, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, иттилоъ доданд, ки гӯиё шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин нооромиҳо ҳам ҷониби узбакҳо ва қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон тирандозӣ мекунанд.

Аммо раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо радди ин хабар гуфт, ки ҳукумати кишвар талош дорад, то ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандони худ, ки аслан донишҷӯён ҳастанд, онҳоро аз Қирғизистон ба пуррагӣ берун кунад. Инчунин ӯ афзуд, ки бо тақвияти нерӯҳои марзбонӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳеҷ хатаре ба Тоҷикистон таҳдид намекунад.

Вай афзуд, ки «аз тарафи Ҷиргатол ва Мурғоб сарҳад мустаҳкам шудааст ва аз он тараф хатар нест. Ва 173 донишҷӯе, ки аз ноҳияи Мурғоб дар Қирғизистон таҳсил мекунад, бароварда шуданд ва 70 нафари дигар боқӣ мондааст, ки онҳо низ ба хотири бехатариашон бароварда мешаванд».

Қувват Байболов рад мекунад

Қаблан, расонаҳо аз қавли Қувват Байболов, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ доданд, ки гӯиё шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин нооромиҳо ҳам ҷониби узбакҳо ва ҳам қирғизҳои муқимӣ ба хотири низоъ андохтан тирандозӣ мекунанд.

Аммо дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ рӯзи чаҳоршанбе ҷаноби Байболов гуфт, вай ба ягон расонаи хабарӣ чунин иттилое надодааст ва ҳарчанд дар бораи бархе аз фактҳои алоҳидаи ширкати шаҳравндони кишварҳои саввум дар даргириҳои ҷануби Қирғизистон сӯҳбатҳое сурат гирифтааст, чунин далелҳо дар даст нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки нигоштаҳои расонаҳо аз қавли ин мақоми амниятии қирғиз ҷониби Точикистонро нигарон кардааст. Гурӯҳҳои ифротӣ аз чунин вазъ истифода мекунанд

Хатари фаъолшавии гурӯҳҳои мамнӯъ

Дар хамин ҳол, Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони кишвар, мегӯяд, яке аз паҳлӯҳои даъвати раиси Кумитаи амният ба парлумон маҳз баррасии вазъи амниятии марзи кишвар бо Қирғизистон буд. Ӯ мегӯяд, аз таҷриба ва таҳлилҳо эҳтимол дорад, дар ин шабурӯз гурӯҳҳое, ки ҳукумат фаъолияти онҳоро мамнӯъ донистааст, аз ҷумлаи Ҳаракати исломи Узбакистон ва Ҳизб-ут-таҳрир, ба хотири тақвияти мавқеъ дар навоҳии назди марзӣ ҷиддӣ кор баранд.

Ӯ мегӯяд, «марзи тӯлоние, ки мо бо кишвари Қирғизистон дорем, табиист, ки мо ба пуррагӣ наметавонем онро зери назорати ҳамешагӣ нигаҳ дорем. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои ифротӣ ва тахрибкор ҳатман метавонанд, ба кишвари мо ворид шаванд. Бино бар ин мақомоти марзбонӣ бояд барои ҳифзи марз хеле ҷиддӣ бошад».

"Ҳизб-ут-таҳрир": Мо дар ин "бозӣ" шарик нестем

Аммо як нафар бо исми Аҳмад, ки худро фаъоли Ҳизб-ут-таҳрир, созмони фаъолияташ мамнуъ дар Точикистон унвон кард, гуфт, ки онҳо бе ҳеҷ навъ аз чунин шароит истифода нахоҳанд бурд. Вай мегуяд, рӯшан аст, ки дар ин ҷо бозии абарқудартҳо шурӯъ шудааст ва Ҳизб-ут-таҳрир бо фаъолият дар ин марҳала намехоҳад худро қурбони чунин бозиҳо кунад.

Ӯ гуфт, «Ҳизб-ут-таҳрир аз ин ҳодиса истифода кардану ба ҳокимият расиданро мақсад намедонад. Зеро дар Қирғизистон низ барпо кардани давлати исломии хилофат алҳол ғайриимкон аст. Ба уммати исломӣ, ба аҳли башарият гуфтаниам, ки ба низоъҳои байниқавмӣ дода нашаванд. Ин корҳоро давлатҳои абарқудрат барои манфиати хеш истифода мекунанд.»

Инчунин, ин узви Ҳизб-ут-таҳрир афзуд, ки бо боварӣ метавонад, изҳор дорад, ки ҳатто дар ҳодисаҳои дохили Қирғизистон низ аъзоёни онҳо ширкат надоранд.

Ҷанҷоли қавмӣ

Дар ҳамин ҳол Давлат Усмон, коршиноси тоҷик мегӯяд, дар Қирғизиcтон вазъ то ҳадест, ки ҳар қувва метавонад, ба хотири манфиатҳои худ аз он истифода барад. Аммо ба гуфтаи ӯ, бо далели ин ки дар Қирғизистон ҷанг миёни ду қавм шурӯъ шудааст ва ҳардуи онҳо низ мусалмонанд, чунин қувваҳо эҳтимол аз вазъ истифода бурда натавонанд.

Ӯ мегӯяд, «аслан дар Қирғизистон ҷанг миёни ду қавм аст. Истифода бурдани қувваҳо аз ин вазъият вуҷуд дорад, аммо хеле кам, чунки ҷанҷол ҷанҷоли қавмист. Ба ҳамин хотир омехта кардани ин ҷанҷол ба масоили динӣ ва экстерместӣ камтар аст, чунки ҳар ду халқ ҳам мусалмон ҳастанд, ки ин ба манфиати ин ҳаракатҳо нест».

Мақомоти амниятии Тоҷикистон низ бар инанд, ки нооромиҳо Қирғизистон таъсири ҷиддие ба амнияти ин кишвар надорад. Бо ин вуҷуд, ба қавли манобеи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нерӯҳои марзбонӣ дар марз тақвият дода шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG