Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Таксикои Мексика 15 марди мусаллаҳ кушта шудаанд


Мақомоти вазорати дифои Мексика мегӯянд, ки дар як тирандозӣ бо сарбозон дар шаҳраки сайёҳон дар Таксико 15 марди мусаллаҳ кушта шудаанд. Бино ба хабари ин манбаъ, дар ин тирандозӣ ҳеҷ кас аз сарбозон кушта ва ё захмӣ нашудааст. Таксико бо мағозаву дуконҳои нуқрафурӯшии худ шӯҳрат дорад, вале саҳнаи даргириҳои хунини миёни гурӯҳҳои қиморбоз низ мебошад.
XS
SM
MD
LG