Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии ҳастаии "Северодвинск" дар Русия сохта мешавад


Имрӯз Русия ба сохтмони киштии ҳастаии зердарёии худ оғоз кард. Сохтмони ин киштӣ бо номи "Северодвинск" ба сабабҳои камбуди молӣ 17 сол ба таъхир афтод. Прзидент Дмитрий Медведев гуфт, "Северодвинск" бояд қудрати низомиму тавоноии нируҳои дарёии Русияро боло барад ва мавқеи Русияро дар обҳои ҷаҳонӣ таҳким бахшад. Хабаргузории давлатии РИА Новости навиштааст, киштии "Северодвинск" бо дарозии 119 метр метавонад мушакҳои дурпарвози ҳастаӣ ва соири аслиҳаро ҳамл кунад. ИТАР-ТАСС хабар додааст, ки ин киштӣ то соли 2011 ба хидмат хоҳад даромад ва қарор аст Русия 6 киштии дигари "Северодвинск" созад.
XS
SM
MD
LG