Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндаи Амрико аз Узбакистон ва Қирғизистон боздид мекунад


Дар поёни ҳафтаи ҷорӣ Роберт Блейк-фирситодаи боломақоми Амрико барои музокира бо раҳбарони Қирғизистон вориди Бишкек хоҳад шуд. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, дипломати баландпояи Амрико барои умури Осиёи Ҷанубиву Марказӣ имрӯз, чаҳоршанбе аввал ба Тошканд меравад ва сипас аз водии Фарғона, аз марз бо Қирғизистон боздид мекунад. Кровлӣ гуфт, тибқи дастури вҲилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико оқои Блейк рӯзҳои ҷумъа ва шанбе барои машваратҳои мустақим бо мақомоти Қирғизистон дар Бишкек хоҳад буд. Кровлӣ афзуд, Амрико машварат хоҳад кард, ки чӣ тарз дар ҷараёни гуфтугӯҳо бо СММ ва Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх бояд кӯмакҳои баъдӣ омода шаванд.
XS
SM
MD
LG