Пайвандҳои дастрасӣ

Вуулусволи Арғундоби Афғонистон террор шуд


Дирӯз Ҳоҷӣ Абдулҷаббор-вулусволи Арғундоби вилояти Қандаҳори Афғонистон бо писараш ва як посбонаш кушта шуданд. Ҳангоме, ки вулусвол савори мошин баъд аз кор ба хона мерафт, ҳангоми убур мошини бамгузоришудаи канори роҳро бо дастгоҳи ҳидоятшаванда мунфаҷир сохтанд. Президент Ҳомид Карзай ин амалро дар изҳороте маҳкум кард. Нируҳои НАТО соли ҷорӣ як амалиёти густардаро дар Қандаҳор ба нақша гирифтаанд. Аз 30 000 нируи изофии Амрико, ки бо дастури Барак Обама ба Афғонистон фиристода мешаванд, дар Қандаҳор мустақар хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG