Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон таҳримҳои ИА-ро "иштибоҳ ва ғайримантиқӣ" хонд


Сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон гуфт, тасмими Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои изофӣ бар зидди Эрон барои барномаҳои ҳастаиаш "иштибоҳ ва ғайримантиқист". Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар мулоқоти худ дар Люксембург бар изофаи таҳримҳои ҳафтаи гузаштаи Шӯрои Амнияти СММ таҳримҳои изофии худро бар зидди Эрон ба тасвиб расонданд. Интизор меравад, ки ин тасмимҳо то поёни ин ҳафта дар ҳамоиши раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба тасвиб расад. Рӯзи душанбе Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кард, ки музокироти ҳастаӣ бо Саид Ҷалилӣ-раҳбари ҳайати музокироти ҳастаии Эрон идома ёбад.
XS
SM
MD
LG