Пайвандҳои дастрасӣ

СММ хостори қатъи хушунатҳои миллӣ дар Қирғизистон шуд


Дирӯз СММ аз Қирғизистон дархост кард, ки барои хотима додан ба кушторҳои қавмӣ дар ҷануби кишвар зудтар ва қотеъона кор кунад. Навӣ Пилай-Коммиссари Олии Ҳуқуқи Башари СММ аз мақомоти Кирғизистон хост, ки барои ҳимояти мардум чораҳои фаврӣ ва ҷиддӣ андешанд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки дар чанд рӯзи нооромиҳо бар зидди аҳолии узбактабор дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод ва атрофи ин шаҳрҳо 176 нафар кушта шудаанд. Аммо Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх мегӯяд, ки шумораи кушташудагон ба садҳо нафар мерасад. Дафтари СММ барои ҳамоҳангии кӯмакҳои башарӣ зимни дархосте аз ожонсиҳои кӯмакрасон хостааст, ки дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда барои қатъи хушунатҳо дар Қирғизистон фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд. Мақомоти расмии СММ мегӯянд, ба зудӣ шумораи аҳолии узбактаборе, ки аз бедодиҳо ба қаламрави Узбакистони ҳамсоя фирор кардаанд, ба 100 000 нафар хоҳад расид ва имкони густариши чунин нооромиҳо дар берун аз марзҳои Қирғизистон низ истисно нест. Бино ба гузоришҳо, Узбакистон гуфтааст, ки бори дигар марзи худро бо Қирғизистон бастааст. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Ассошиейтед Пресс навиштааст, ки дирӯз дар шаҳри Ӯш оташи тупхона ба гӯш расидааст.
XS
SM
MD
LG