Пайвандҳои дастрасӣ

Вақте бо тақозои кор ба суроғи як хонаводаи фақир афтодам, бо раҳнамоии як шиносам, ба яке аз маҳаллаҳое бо номи зебову хотирмони «Зафар», воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе рафтам.

Ин маҳалла начандон дуртар аз бинои ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир аст. Дар паси биноҳои боҳашамати замонавӣ чандин хонаҳои, ба таъбири маъмул, сохти барак бо деворхои пасту фарсуда ҳамроҳ бо бошандагонашон аз чашмҳо пинҳон мондаанд.

Раиси маҳаллаи мазкур ба ман гуфт, ки чунин хонаводаҳои камбағалу камбизоат ва бесарпараст дар ин маҳалла хеле зиёданд, вале фақиртаринашон хонаводаи Робия аст, ки ҳоли ногуворе доранд ва бо дидани зиндагии ӯву фарзандонаш гиряатон меояд. Ва раиси маҳалла ҳангоми хайрухуш аз ман батакрор хоҳиш мекард, ки ба касе нагӯям, ки суроғаи хонаи Робияро ман ба шумо додаам, зеро тоза ба ин вазифа таъин шудааст ва намехоҳад, ки ҷойи корашро аз даст диҳад.

Ман ин нуктаро, ки агар барои камтарин талоше дар роҳи кӯмак ба хонаводаҳои ниёзманди маҳалла, ки вазифаи ҷониву нони шумост, барканор шавед, пас ин гуна вазифаву ин гуна масъулият ба дарди кӣ мехурадро бесадо баён доштаву роҳ ҷониби хонаи Робия гирифтам.

Аз миёни хонаҳои гуногун, ки бозгӯи сатҳи зиндагии сокинонашон буданд, тангкӯчае маро ба назди манзили Робия расонд. Дару девори фарсудаву рехта, дарвозаи кайҳо ранг надида, боми дар ҳоли афтодан баёнгари он буданд, ки ин хона солҳост,ки дасти марди хонаро надидаанд.

Аз хона ҷавонзани сабзинае ҳамроҳи ду кӯдаки хурдсолаш баромад ва бо табассуми меҳмоннавозона маро ба дохил хонд. Пироҳану сарбанди куҳнаву рангпарида ва калӯшҳои резинии даридаи Робия беихтиёр нигоҳи маро банд карданд лаҳзае ва боварам намеомад, ки дар ҳамин давру замони осудагиву оромӣ чунин хонаводае бошад, бо чунин фақиририву афтодагӣ ва ниёзмандӣ.

Робия бо як даст бари куртаи дарбеҳдидаашро панаҳ ва бо дасти дигар бо ман салом кардаву ба ҳуҷра даъватам кард. Духтарчаи тақрибан 12-солаи Робия, ки аз омадани меҳмоне чун ман шодӣ мекард, осемасар наздам ҳозир шуд ва гуфт, «холаҷон поятонро ин ҷо нагузоред, ки поламон шикаста аст, мабодо наафтед». Воқеан баробари пой гузоштан ба даруни ҳуҷра фарш ба нолиш даромад ва гӯё ба ҳоли бошандагонаш мегирист.

Робия бо гӯшаи сарбанд оби чашмонашро пок карда гуфт, шавҳараш 10 соли пеш бо ваъдаи он, ки ба Русия рафта кор мекунад ва баргашта хонаро таъмир мекунад, муҳоҷиратро ихтиёр кардааст ва то кунун аз вай дараке нест. «Як кас хабар овард, ки бо тоторзане издивоҷ кардааст ва фикри баргаштанро надорад. Мо ҳам хотирамонро ҷамъ кардаву ба тақдир тан додаем. Ҳар чизе ки дар дилашон худо андозаду мардум бидиҳанд, ҳамонро мехӯрему мепӯшем. Фарзандонамро аз набудани либосу ашёи хониш ба мактаб намондам», -мегӯяд ӯ. Ин ноне, ки барои фарзандонам дуруст кардаам, ба дастурхон ишора карда гуфт Робия, аз орде ҳаст, ки аз ҳамсоя як карсон қарз гирифтаам.

Робия гуфт, аз ҳолу аҳволи хонаводаи ӯ ҳама огаҳанд. Раиси маҳалла, ҳукумати ноҳия - ҳама, вале ҳамеша оилаҳои начандон ниёзманд ин кумакҳоро мегиранд ва ба мо намерасанд онҳо. Вай гуфт, «бо даводавҳои зиёд ҳамагӣ ду маротиба каме орду равған гирифтам. Номам дар руйхатҳо ҳаст, аммо намедиҳанд. Чӣ кор кунам? Дар як идораи давлатӣ фаррошӣ мекунам, 120 сомонӣ медиҳанд, ки ба ҳеҷ чиз намерасад. Дар ёдам нест, ки кай барои кӯдаконам хӯроки гӯштдор пухтаам. Ғизои ҳамарӯзаи мо аслан кармшурбост ва агар маош диҳанд, макарону нахуд низ ҳаст. Либосу хурданиамон дар аксар маворид баскардаву пасмондаи ҳамсояҳоянд».

Аз суҳбате, ки бо Робия доштам, нуктае сахт мутаасирам кард ва ин буд, ки гуфт, ҳоло фасли мевапаз аст ва фарзандонаш мехоҳанд меваҳои гуногунро бичашанд, аммо имкони молӣ даст намедиҳад, ки як бор рафта аз бозор мева бихарад ва онҳо шикамсерӣ бихӯранд.

Ягона мевае, ки ҳар сол коми бачаҳои маро тар мекунад, шаҳтути ҳамсоя аст Вай бо оҳанги қаноъатмандона илова кард, фарзандони ман аз пеши худ ҳатто тути ба замин рехтаи ҳамсояро бе иҷозаи соҳибаш бардошта намехӯранд. Ҳар вақт, ки худи соҳиби тут аз онҳо хоҳиш кунад ва ё чида дар косае дароз кунад, баъд гирифта мехӯранд. Панҷ фарзандро бо сахтӣ калон кардам, хоҳарам. Ягон бор хаси ҳамсояро беҷо накарданд ва барои ҳоҷате дари ягон касро накуфтаанд. Ҳар чизе, ки Худо лоиқ дид, бо ҳамон қаноат мекунад. Духтари калонам оиладор аст ва инҳояш ҳам боре маро маҷбур накарданд, ки барояшон либос ё хӯроки беҳтаре муҳайё кунам. Худам ягона ҷое, ки дил холӣ мекунам, бистари сардам аст, ки асрори зиндагии сахтамро ба кас намегӯяд. Борҳо маслиҳатам доданд, ки фарзандонамро ба интернат ва ё хонаи бачагон диҳам, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нашудам. Хостам онҳо дар оила калон шаванд. Як рӯз не як рӯз онҳо соҳиби зиндагӣ мешудагистанд,наход як умр дар ҳамин фақр бимонанд.

Ин ҳарфҳои Робияро гӯш мекардаму чашмам ба савғое ибораи аз шириниҳои бо худ овардаам афтод, ки ҳамоно дар гӯшаи дастурхон мехобиданд ва кӯдакони хурдсоли Робия даст ҷониби онҳо набудаанд, то замоне хоҳиши ману исрори модарашон садо надод.

Робия гуфт, ягона писараш Шералиро, ки ба ҳайси сарвари оила ба қайд гирифта шуда буд, ба такудавҳову илтиҷоҳояш нигоҳ накарда, ба сафи артиш гирифтанд. Ҳоло дар минтқаи Бадахшон хидмат мекунад. Шералӣ дар бозор ба тиҷорати хурд машғул буд ва андаке бошад ҳам зиндагии онҳоро таъмин мекард. Ҳоло аз ягона ноновари хонавода ҳам маҳрум мондаанд.

Пораеро аз номаи Шералӣ мехонам, ки тоза ба модараш навиштааст: «Очаҷон, салом. Аҳволи худат ва хоҳараконам чи хел аст? Ҳар бор, ки хӯрокеро ба наздам мегузорам, чеҳраҳои шумо пеши назарам меоянд ва аз гулуям намегузарад. Медонам, ки шумо ҳоло гуруснаед. Худо хоҳад, аз хизмат баргардам, шабу рӯз кор мекунам ва намегузорам, ки шумо дигар гуруснагӣ кашед. Писари азизат, Шералӣ».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG