Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Куштор дар Қирғизистон тарҳрезишуда буд


СММ аз Қирғизистон даъват кард, ҷиҳати хатми кушторҳои қавмӣ дар ҷануби он кишвар зуд ва қотеъона амал кунад. Навӣ Пиллай, куммиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, аз Бишкек хост, ба хотири дифоъ аз мардум ба гунаи сареъ ва боқатъият дастбакор шавад. Ӯ гуфт, ин кушторҳо, аз ҷумла қатли атфол, ва таҷовузҳо дар заминаи қавмӣ рух додаанд.
Мақомоти Қирғизистон мегӯяд, тайи 5 рӯзи хушунатҳо алайҳи узбакҳо дар вилоёти ҷанубии Ӯшу Ҷалолобод дастикам 176 нафар кушта шудаанд. Аммо Салиби сурхи байналмилалӣ шумори қурбониёнро “ҳудуди чандсад нафар” мегӯяд.
Дафтари Навӣ Пиллай гуфт, ин хушунатҳо ба сари худ шурӯъ нашуда, балкӣ зоҳиран аз ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи афроди мусаллаҳи ниқобпӯш оғоз гирифтааст.
Мақомоти СММ мегӯянд, теъдоди узбакҳои беҷошудае, ки дар Узбакистони ҳамсоя паноҳ ҷустан мехоҳанд, метавонад ба зудӣ аз марзи 100 000 убур кунад. Вале бино ба хабарҳо, Узбакистон имрӯз марзҳояш бо Қирғизистонро бастааст.
XS
SM
MD
LG