Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми баландпояи Созмони Милали Муттаҳид ба таъсиси коридори интиқоли маводи башардӯстона дар Қирғизистон даъват кард ва гуфт, Узбакистон низ барои ҳалли мушкилоти мавҷи муҳоҷирон ба кумаки байналмилалӣ ниёз дорад.

Лин Паско, ноиби дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ин масъаларо дар нишасти Шӯрои Амният дар панҷумини рӯзи хушунатҳои байниқавмӣ дар Қирғизистон матраҳ кард, ки ҳадди ақал 170 нафарро кушта бар ҷой гузошта, даҳҳо узбактаборро ба фирор аз маҳалли зист маҷбур кардааст.

Шӯрои Амният дар ҷаласаи худ, ки рӯзи душанбе баргузор гардид, зимни баррасии вазъи Қирғизистон ба оромӣ ва бозгашти волоияти қонун даъват кард.

Фирори даҳҳо ҳазор узбак аз Қирғизистон

Ба думболи задухӯрдҳои ахир даҳҳо ҳазор узбакҳои қавмӣ, асосан занону кӯдакон ва афроди солманд, марзи Узбакистонро убур намуда, ба Андиҷон ворид шудаанд. Фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар Бишкек Мирослав Йенча рӯзи сешанбе гуфт, ки ба зудӣ ин рақам аз 100 ҳазор ҳам хоҳад гузашт.

Дар ҳамин ҳол бинобар гузориши хабаргузориҳои маҳаллӣ, Узбакистон марзи худ бо Қирғизистонро масдуд карда гуфтааст, ки тавони қабули мавҷи бузурги паноҳандагони кишвари ҳамсояро надорад.

Ноиби нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов гуфтааст, ки кишвараш қабули пагоҳандагонро қатъ мекунад, зеро на ҷое дорад, ки онҳоро ҷо ба ҷо кунад ва на тавоне, ки мушкили онҳоро ҳал. Ӯ афзудааст, ки барои қабул ва кумак ба паноҳандагон Узбакистон ба ёриҳои байналмилалӣ ниёз дорад. Ба гуфтаи ноиби нахуствазири Узбакистон, марз дар сурате боз хоҳад буд, ки агар кишвараш аз кумакҳои байналмилалӣ бархурдор шавад.

Даъвати СММ аз Тошканд ва Душанбе

Ожонсии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон гуфтааст, ки ба 75 ҳазор паноҳандаи узбактабор дар Андиҷон ёриҳои имдодӣ мефиристад. Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин аз Тоҷикистону Узбакистон даъват кардааст, ки марзҳои худро ба рӯи мавҷи паноҳандагон боз нигаҳ доранд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар сурати убури қаламрави кишвар аз ҷониби паноҳандагон хадамоти Тоҷикистон барои қабули онҳо омодаанд.

Дар ҳоле, ки аз эътидоли нисбӣ дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод гузориш мешавад, Вазорати беҳдошти Қирғизистон хабар дод, ки дар ҷараёни задухурдҳои қавмӣ ҳадди ақал 170 нафар кушта ва беш аз 1700 тани дигар захм бардоштаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки узбактаборони Қирғизистон ва бархе аз созмонҳои байналмилалии хайрия мегӯянд, теъдоди кушташудаҳо кам нишон дода шудааст.

Шӯриш ва задухурдҳои қавмӣ дар аз шаҳри Ӯш ва навоҳии атрофи он шуруъ шуд ва ба зудӣ ба вилояти ҳамсояи Ҷалолобод гузашт. Ҳуҷумҳо умдатан узбактаборҳо ва бизнеси онҳоро ҳадаф гирифтанд, аммо теъдоди қурбониҳо дар байни қирғизҳои маҳаллӣ низ кам нест. Аксари биноҳои маркази Ӯш бо шумули бинои театр, толори концертӣ, бозорҳо мағозаву кафе ва ҳавлиҳои шахсӣ ба коми оташ рафтанд.

СПАД аз вуруди посдорони сулҳ худдорӣ кард

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ қарор кард, ки чархбол ва лавозимоти дигареро дар ихтиёри ҳукумати Қирғизистон қарор диҳад. Аммо дар бораи фиристодани нирӯи посдори сулҳ чизе нагуфт.

Президенти Русия Дмитрий Медведев рӯзи душанбе вазъи Қирғизистонро "дур аз таҳаммул арзёбӣ кард." Вай гуфт, "албатта ба онҳо бояд кумак кард, то мушкилотро ҳал кунанд. Ба ин тартиб вокуниш ба дархости шумо баррасӣ шудааст. Мавзӯъ акнун ба раҳбарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ марбут аст. Аммо агар зарур шавад, ман низ дахолат хоҳам кард."

Аз сӯи дигар президенти Русия дархости раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон Роза Отунбоева оиди кумаки ҳарбиро рад кард. Мақомоти қирғиз рӯзи сешанбе гуфтанд, ки авзоъ дар минтақа нисбатан ором шудааст. Дафтари ҳукумати Ӯш гуфтааст, ки 2 ҳазор узбактабор, ки ба марзи Узбакистон фирор карда буданд, бо кафолати мақомоти маҳаллӣ ба хонаҳои худ баргаштаанд. Ҳукумати маҳаллӣ барои бозгашти онҳо васоили нақлиётӣ фиристодаст.

Аммо бо вуҷуди ин оромии нисбӣ бозорҳои бузург ва мағозаву макотиб ҳануз боз нашудаанд ва мардуми осоишта ҳануз ҳам дар кӯчаҳо зиёд ба назар намерасанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG