Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби сурх аз ҳалокати садҳо нафар сӯҳбат мекунад


Салиби сурхи байналмилалӣ мегӯяд, теъдоди дақиқи қурбониён дар ошӯбҳои ахири қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон ҳанӯз намедонад, вале сухангӯи ин созмон Кристиан Кардон гуфт, сӯҳбат “дар бораи ҳалокати садҳо нафар” аст.
Ин дар ҳолест, ки вазорати беҳдошти Қирғизистон мегӯяд, тайи 5 рӯзи низоъҳои қавмӣ миёни қирғизҳову узбакҳо дар Ӯшу Ҷалолобод дастикам 170 нафар кушта ва беш аз 1700 тани дигар захмӣ шудаанд. Узбакҳо ва созмонҳои имдодӣ низ бар ин боваранд, ки на ҳамаи қурбониён баршумурда шудаанд.
Фиристодаи СММ Мирослав Енса имрӯз гуфт, теъдоди беҷошудагон дар натиҷаи ошӯбҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон метавонад ба 100 000 бирасад. Ӯ имрӯз дар Бишкек гуфт, бино ба маълумоти мақомоти Узбакистон, алакай 75 000 нафар дар марз бо ин кишвар ҷамъ омадаанд ва шумори онҳо ба зудӣ метавонад аз марзи 100 000 гузарад. Аммо бино ба хабарҳо, Узбакистон имрӯз марзҳояш бо Қирғизистонро бастааст.
XS
SM
MD
LG