Пайвандҳои дастрасӣ

Беларус дархости истирдоди Боқиевро радд кардааст


Мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки Беларус истирдоди раиси барканоршудаи ин ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиевро расман радд кардааст. Азимбек Бекназаров, муовини раҳбари ҳукумати муваққат гуфт, ки мақомоти Минск дар шарҳи тасмими худ “ангезаи сиёсӣ доштан”-и дархости ҷониби Қирғизистонро далел овардаанд. Боқиев дар пайи барканориаш аз мақом дар натиҷаи ошӯбҳои рӯзи 7 апрел ибтидо ба зодгоҳаш –вилояти Ҷалолобод ва баъдаи ҳафтае ба Беларус фирор кард.
Бишкек Боқиевро ба даст доштан дар қатли беш аз 80 эътирозгар дар тазоҳуротҳои моҳи апрел айбдор мекунад.
Дирӯз дар бораи дар фурудгоҳе дар канори Лондон боздошт шудани писари ӯ -Максим Боқиев низ хабар расид.
XS
SM
MD
LG