Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳори нигаронии САҲА аз вазъи Қирғизистон


САҲА бо изҳори нигаронии амиқ дар бораи хушунатҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон гуфт, барои кӯмак ба барқарории назм дар ин кишвар омода ҳаст. Иҷлоси изтирории Шӯрои доимии ин созмони иборат аз 56 кишвар дар Вена гуфт, кишварҳо бояд ба хотири фурӯ нишондани хушунатҳо дар Қирғизистон оҷилона иқдом кунанд. Ин иҷлос дар пайи ҳушдори куммиссари олии САҲА дар умури ақалиятҳои миллӣ Кнут Воллбак даъват шуд. Вазорати беҳдошти Қирғизистон мегӯяд, тайи 5 рӯзи низоъҳои қавмӣ миёни қирғизҳову узбакҳо дар Ӯшу Ҷалолобод дастикам 170 нафар кушта ва беш аз 1700 тани дигар захмӣ шудаанд. Раҳбари муваққати Қирғизистон Роза Отунбоева имрӯз гуфт, Паймони Амнияти дастаҷамъӣ нақшаи ба ин кишвар фиристодани нирӯҳои ҳомии сулҳро надорад: Зарурати ироаи кӯмакҳо таъкид шуд, вале вуруди нирӯҳои ҳомии сулҳ дар марҳалаи феълӣ нозарур хонда шуд.”
Фиристодаи СММ Мирослав Енса имрӯз гуфт, теъдоди беҷошудагон дар натиҷаи ошӯбҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон метавонад ба 100 000 бирасад. Ӯ имрӯз дар Бишкек гуфт, бино ба маълумоти мақомоти Узбакистон, алакай 75 000 нафар дар марз бо ин кишвар ҷамъ омадаанд ва шумори онҳо ба зудӣ метавонад аз марзи 100 000 гузарад. Аммо бино ба хабарҳо, Узбакистон имрӯз марзҳояш бо Қирғизистонро бастааст.
XS
SM
MD
LG