Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лату кӯби доктор Алимӣ аз сӯи сардори милиса


Ҷумъахон Алимӣ, раҳбари созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон «Паралакс» дар шаҳри Кӯлоб, аз болои Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳр ба додситонӣ шикоят бурдааст.

Ҷумъахон Алимӣ, раҳбари созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон «Паралакс» дар шаҳри Кӯлоб, аз болои Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳр ба додситонӣ шикоят бурдааст.

Ӯ мегӯяд, шаби 12 -уми июн, замоне, ки барои саввум ба шаҳри Кӯлоб сел омад, ӯ аз кормадони Шӯъбаи корҳои дохила баҳри берун кардани чанд тан афроди шубҳаовари ношинос аз манозили офатзада хоҳиш кардааст, аммо кормандони пулис ба ӯ ҳеҷ эътиное накардаанд.

Болои ин бо иддаои оне, ки гӯиё ӯ иғво меандозад, аз ҷониби Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб мавриди лату куб ва таҳқир қарор мегирад.

Ин лату куб дар ҳузури даҳҳо нафар шоҳид, ба хусус Ҳамид Абдуллоев, шаҳрдорӣ Кӯлоб ва Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ба қавли Алимӣ, ҳангоми лату куб ӯ дар сару руй осеби ҷиддӣ бардоштааст, аммо то кунун, бо гузашти се рӯз ташхисгоҳи судӣ-экспертӣ аз додани хулосаи худдорӣ мекунанд.

Феълан, ба қавли ӯ, мақомоти интизомӣ барои шикоят бурдани ӯ бо ҳар баҳона монеъа эҷод мекунанд. Дар ҳамин ҳол, касе аз мақомоти интизомии маҳаллб дар ин маврид суҳбат намекунад.

Аммо Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, аз ин ҳодиса то кунун хабар надорад, вале ҳеч бовараш намеояд, ки як масъули баландпояи ин мақомот ба чунин кор роҳ дода бошад.

Қаблан, Абдусамад Ғайратов, як фаъоли ҲНИТ дар Кӯлоб ҳам аз болои сардори шӯъбаи корҳои дохила барои таҳқир карданаш шиква бурда буд, вале шикояти ӯ ҳеҷ натиҷа ба бор наовард.

Ҷумъахон Алимӣ, доктори илми филологӣ, устоди собиқи донишгоҳ дар минтқаи Кӯлоб аз эҳтироми вижае бархӯрдор аст. Ӯ ҳанӯз дар сини 27 солагӣ ба гирфтани унвони доктори улум мушарраф гашта буд.

Тайи даҳ соли ахир ба фаъолияти дифоъ аз ҳуқуқ дар минтака шуғл дорад.
XS
SM
MD
LG