Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Қирғизистон аз бозтоби рӯйдодҳои ҷануби ин кишвар норозиянд ва ҳамзамон узбактаборони Қирғизистон низ шиква доранд, ки ин фоҷиаи онҳо дар расонаҳои ҷаҳонӣ инъикоси ҳақиқӣ пайдо накардааст.

Барои бисёриҳо суоли асосӣ ин аст, ки ба кадом сабаб ё сабабҳо ин рӯйдодҳо имконпазир шуданд ва кадом омилҳо ба густариши онҳо мусоидат кард.

АЗ ИХТИЛОФИ СИЁСӢ ТО НИЗОИ ҚАВМӢ

Аксари таҳлилгарон бар инанд, ки даргирондани сӯхтори ошӯби қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон кори мушкил набуд. Барканории президент Қурманбек Боқиев дар моҳи апрел бахше аз аҳолии ҷанубро норозӣ кард. Боқиев аз дасти тазоҳуркунандагони хашмгин ба зодгоҳаш -- Ҷалолобод паноҳ бурд ва гурӯҳи муҳофизони мусаллаҳи ӯ низ ҳамроҳаш ба ин ҷо омад. Вай талош кард, дар ин ҷо тарафдоронашро ба майдон барорад. 14-уми май дар Ҷалолобод ва Уш раҳпаймоиҳои эътирозӣ баргузор шуд. Вақте ки Боқиев хост, дар Уш ба тазоҳуркунандагон пайваста, дар назди онҳо суханронӣ кунад, гурӯҳи дигари сокинони Ош ба ин мухолифат карданд. Дертар раҳпаймоиҳо ба хушунат печида, дар натиҷа як нафар кушта ва 37 тани дигар захмӣ шуданд.

Бо вуҷуди он ки Боқиев Қирғизистонро тарк кард, тарафдоронаш дар ҷануб боқӣ монданд ва аламдор буданд, ки натавонистанд, аз як ҳамдиёри худ, ки ба баландтарин вазифаи кишвар даст ёфт ва дар ин байн ба бисёре аз онҳо кӯмак карда, соҳиби молу ҳокимият намуд, дифоъ кунанд.

Хонаи Боқиев ва бародараш дар вилояти Ҷалолобод ба оташ кашида шуд. Чандин нафаре, ки дар давраи Боқиев ба вазифаҳои калидӣ таъин шуда буданд, аз курсиҳои хеш маҳрум гаштанд.

АММО УЗБАКҲО ЧАРО?

Бисёриҳоро хосияти қавмии хунрезиҳо дар ҷануби Қирғизистон ҳайрон кардааст. Аксари манобеъ бар инанд, ки хушунатҳо бо ҳамлаи қирғизҳо ба узбакҳо оғоз ёфт. Даҳҳо ҳазор узбакҳои ҷануби Қирғизистон ба Узбакистон фирор карданд. Аксари хонаҳо, фурӯшгоҳу ресторан ва ду донишгоҳе, ки дар ҳар ду шаҳр ба оташ кашида шудаанд, ба узбактаборони Қирғизистон тааллуқ доштанд.

Бино бар охирин хабарҳо наздик ба 80 ҳазор нафар аз узбактаборони Қирғизистон дар Узбакистон паногоҳ пайдо карданд.



Узбакҳо дар Қирғизистон аз 12 то 15 дарсади аҳолиро ташкил дода, асосан дар ҷануб ба сар мебаранд. Дар шаҳри Уш 225 ҳазор узбак зиндагӣ мекард.

Коршиноси умури Осиёи Марказӣ дар Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Брюс Панир мегӯяд, "барои дарки хосияти қавмии даргириҳои ахир бояд ба рӯйдодҳои соли 1990 баргашт. Он вақт низ байни қирғизҳо ва узбакҳо даргириҳое ба вуқӯъ пайваст, ки расман гӯё зимни тақсими замин шурӯъ шуданд, вале амалан дар заминаи аввалин паёмҳои ҷудоихоҳонаи узбактаборони Ошу Ҷалолобод буруз кардаанд."

Бино бар санадҳои таърихӣ, узбакҳои Уш дар охири солҳои 1980 созмонҳои мардумии хешро таъсис доданд ва талабгори мухторият шуданд. Онҳо ҳамчунин хостори ба забони узбакӣ додани мақоми давлатӣ буданд.

Ин даврае буд, ки қирғизҳо дар Фрунзе ва Уш бо талаби ба онҳо ҷудо кардани замин барои сохтани манзил даст ба гирдиҳамоӣ мезаданд. Дар Уш барои чунин тазоҳуркунандагон аз ҳудуди колхози ба номи Ленин, ки саросар узбакнишин буд, замин ҷудо карданд, ки эътирози ҷавобии узбактаборонро ба вуҷуд овард. Узбакҳо мегуфтанд, мо аз қадимулайём дар ин замин зиндагӣ мекунем ва қирғизҳо имрӯз аз кӯҳҳо сарозер шуда, заминҳои ҳосилхези моро мегиранд. Онҳо пешниҳод карданд, ки ба хонасозон аз ҷои дигар замин дода шавад.

НИЗОЪ ДАР СОЛГАРДИ НИЗОЪ

Моҳи июни соли 1990 дар сари ин заминҳо 1,5 ҳазор нафар қирғиз ва 12 ҳазор нафар узбак дар муқобили ҳам қарор гирифтанд. Фақат як сафи милисаҳо онҳоро аз задухӯрд нигоҳ дошт. Вақте узбакҳо ба милисаро ҳамла карданд, тирандозӣ сар шуд ва чанде аз узбакҳо захмӣ шуданд. Ин сабаб гашт, ки узбакҳо ба шаҳр баргашта, дар сари роҳ манзили қирғизҳоро тахриб кунанд. Бархе аз муҳаққиқон рӯйдодҳои соли 1990-и Ушро кори КГБ ё хадамоти амнияти давлатии Шӯравӣ мешуморанд,

Брюс Панир мегӯяд, "он вақт, яъне дар соли 1990 ҳарду. Қирғизистон ва Узбакистон ҷумҳуриҳои Иттиҳоди шӯравӣ буданд ва Маскав бо ворид кардани артиш аз паҳн шудани нооромиҳо пешгирӣ кард. Дар ин байни ҷомеаҳои қирғиз ва узбаки минтақа оштие сурат гирифт ва бо вуҷуди ризоияти тарафҳо тухми хусумат боқӣ монд, ки тайи солҳои истиқлолият аз он дубора гиёҳи танаффур рӯиду акнун ҳосил медиҳад."

Панир ба ин нукта ишора мекунад, ки узбактаборони ҷануби Қирғизистон дар рӯйдодҳои 7 ва 8-уми апрели соли равон аз ҳукумати муваққат пуштибонӣ карданд. Эҳтимол меравад, ки дар панҷ соли раҳбарии Боқиев бартарӣ дар минтақа ба қирғизҳо дода шуд ва узбактаборон худро то андозае беҳуқуқ ҳис карданд. Аммо иттиҳоди қавии онҳо ва ширкати густардаашон дар тиҷорат имкон додааст, сарварони худро ба камол расонда, то ҷои мумкин аз ҳуқуқи хеш дифоъ кунанд ва имтиёзҳое бархӯрдор бошанд.

Коршиноси умури Осиёи Марказӣ дар бунгоҳи хабарии "Новости"-и Русия, Санавбар Шерматова мегӯяд, бесабаб набуд, ки ҳам рӯзи 19-уми май ва ҳам ҳоло Донишгоҳи "Дӯстии Халқҳо" ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Бори аввал танҳо дару девори онро шикастанд ва бори дувум оташ заданд, ки акнун ба як тӯда хокистар табдил ёфт.

ТАКРОРИ ТАЪРИХ?

Бунёдгузор ва раиси ин донишгоҳ Қодирҷон Ботуров яке аз сарони ҷомеаи узбактаборони ҷануби Қирғизистон аст. Даъвати ӯ барои ба забони узбакӣ додани мақоми забони расмӣ дар тарҳи қонуни асосии Қирғизистон мавҷи хусумати қирғизҳоро ба бор овард. Вай ҳамчунин гуфт, узбактаборон дигар розӣ нестанд, тамошобини саҳнаи сиёсии Қирғизистон бошанд, балки мехоҳанд, дар идораи давлат ширкат кунанд.

Яке аз тарафдорони ӯ, Қобилов, ки ҳоло ба ситоди узбактаборон дар минтақаи ба номи Амир Темур сарварӣ мекунад, мегӯяд, ҳамла ба узбактаборон замоне сар шуд, ки онҳо хостанд, ҳизби сиёсии худро таъсис диҳанд ва дар умури давлат ширкат кунанд.

Аммо коршиноси умури Осиёи Марказӣ дар Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Брюс Панир мегӯяд, то куҷо ин равандҳо сабаби беназмӣ ва хунрезиҳои ахир дар Ош ва Ҷалолобод шудаанд, гуфтан душвор аст, аммо як чиз мусаллам аст, ки шароити оташ задани сӯхтори байниқавмӣ барои ҳар касе, ки мехост, ҳукумати муваққати Қирғизистонро ба мушкил рӯбарӯ кунад ва баргузории рефрендуми қонуни асосӣ ва интихоботро ба мӯҳлати номуайян ақиб андозад, кори чандон душворе набуд.

Ин ҳам дар ҳоле ки таъсири ҳукумати муваққат дар ҷануб дар поинтарин ҳад қарор дошт ва ташкилкунандагони нооромиҳо медонистанд, ки ниҳодҳи давлат ба онҳо халали ҷиддӣ расонда наметавонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG