Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кушта ва 16 захмӣ дар Айнӣ


Бар асари таркиши як мошини боркаши ҳомили гази моеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе дар минтақаи деҳаи Хушекади ноҳияи Айнӣ як нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дар ҷои ҳодиса қарордошта захмӣ шудааст.

Анзур Раҷабов, корманди нозироти васоити нақлиёти водии Зарафшон, ки дар ҷои ҳодиса қарор дорад, ба радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса шоми дирӯз рух додааст.

Мошини ҳомили гази моеъ ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе дучори садама гардида, ба ҷарӣ сарозер шудааст, ки дар натиҷа мошин таркида, ронанда дар ҷои ҳодиса фавтидааст. Бар асари инфиҷори мошин 16 нафар сокинони маҳаллӣ, ки манзилҳои зисташон дар наздикии фалокат қарор доштааст, захмҳои гуногун бардоштаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабов, дар пайи инфиҷори ин мошини ҳомили гази моеъ се хона оташ гирифта, бо кумаки оташнишонҳо ва мардуми маҳаллӣ фурӯ нишонида шудааст.

Ин масъули нозироти васоити нақлиёти водии Зарафшон мегӯяд, ронандаи ҳалокшуда сокини шаҳри Душанбе мебошад ва шахсияти ӯ айни замон дақиқ карда мешавад.

Чунин ҳодиса дар ноҳияи Айнӣ барои нахустин бор будааст. Дигар садамаҳои дар ин минтақа ба вуқӯъ пайваста бар асари тармарезӣ ва дигар ҳаводиси табиӣ рух додаанд.
XS
SM
MD
LG