Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷикро аз Ӯш берун мекашанд


Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Асомуддин Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, донишҷӯёни тоҷикеро ки дар ҷануб таҳсил мекунанд, имрӯз ба ватан бармегардонанд. Ба гуфтаи оқои Саидов, ин донишҷӯён ба Мурғоб хоҳнад рафт ва онҳоро то марз намояндаи вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар ҷануб ҳамроҳ бо намояндаи Тоҷикистон дар Ӯш гусел хоҳанд кард.
Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек дар вокуниш ба бурузи ошӯбҳо дар ҷануби Қирғизистон ҳамчунин як ситоди вижаи расидагӣ таъсис дода, ҳалли мушкилоти ба ватан баргаштани шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар Бишкек ва вилоёти Ӯшу Ҷалолобод ва Бодканд ба сар мебаранд, ҳадафи аслии ин ситод унвон кардааст. Дар сафорат барои муроҷиати шаҳрвандон чанд хатти вижаи телефонро низ фаъол кардаанд.
XS
SM
MD
LG