Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи қариб 50 кило бангу ҳероин дар Фархор


Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар ҳудуди ноҳияи Фархори ҳаммарз бо Афғонистон ҳудуди 50 кило маводи мухаддир мусодира шудааст. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, як шаҳрванди Афғонистонро бо иттиҳоми қочоқи 37 кило банг ва беш аз 11 кило ҳероин боздошт кардаанд. Қаблан мақомоти ин вазорат дар бораи кашф ва мусодираи ҳудуди 25 кило ҳероин дар вилояти Суғд хабар дода буданд. Гуфта мешавад, ин маводи мухаддир марбут ба шабакаи қочоқбаре буд, ки маводи мухаддири сохти афғониро тавассути Суғд ба бозори сиёҳи Русия мерасонд.
XS
SM
MD
LG