Пайвандҳои дастрасӣ

Марҳалаи ниҳоии маъракаи зидди полио оғоз ёфт


Сар аз имрӯз дар Тоҷикистон марҳалаи чорум ва ниҳоии маъракаи саросарии эмкунӣ алайҳи бемории сироятии полиомелит, ё худ фалаҷи кӯдак, оғоз ёфт. Ин маърака то 19 июн идома хоҳад кард ва масъулини вазорати беҳдошт мегӯянд, дар ин марҳала дар баробари атфоли зери синни 6 воксин задани наврасони то 16-сола ҳам дар назар аст. Ба ҳисоби ин вазорат, тайи 3 давраи аввали ин маърака дар Тоҷикистон беш аз 2 900 000 кӯдак аз полиомелит эм гирифтаанд.
Мақомоти Русия дар пайи бурузи полиомелит дар Тоҷикистон дар роҳи сафари шаҳрвандони хурдсоли тоҷик маҳдудиятҳо ҷорӣ карда ва ҳам манъи воридоти меваи хушк аз Тоҷикистонро манъ карданд. Вале бино ба хабарҳо, Роспотребнадзор имрӯз воридоти меваи хушк аз Тоҷикистонро дубора иҷозат додааст.
XS
SM
MD
LG