Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 1,2 фоиз афзудааст


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ 1 миллиарду 415,6 миллион доллар шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 дарсад ё ҳудуди 17 миллион доллар бештар аст. Аммо таносуби миёни содирот ва воридот шадидан манфӣ буда, ба 475 миллион доллар расидааст. Воридот дар ин муддат 945 миллион ва содирот ду маротиба камтар- ҳамагӣ 470 миллион долларро ташкил додааст. Имсол беш аз 70 дарсади табодули молу колои Тоҷикистон танҳо бо 6 кишвар – Русияву Чин, Туркияву Қазоқистон ва Эрону Украина сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG