Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ТАЛКО мегӯяд, натоиҷи аудиташро ба зудӣ нашр мекунад


ТАЛКО, ширкати алюминсозии Тоҷикистон, мегӯяд, натоиҷи ҳарду аудити анҷомшудаи фаъолиятҳояш барои солҳои аз 2006 то 2008-умро ба зудӣ, ба муҷарради ниҳоӣ шудани натоиҷи аудит аз сӯи ширкатҳои амрикоии“Moore Stephens” ва “American Appraisal (AAR) inc” ба дасти нашр хоҳад супурд. ТАЛКО мегӯяд, нашри натоиҷи аудиташ бо дархости “Moore Stephens”, яке аз ҷонибҳои аудитор, ки хостори ироаи фурсати бештар барои муқоисаи натоиҷи ҳарду аудит шуда буд, чунин маътал шудааст.
Дафтари Сандуқи байналмилалии пул қаблан ду дафъа нашри натоиҷи ТАЛКО, бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистонро тақозо карда буд. Талаби аудити фаъолиятҳои Бонки миллӣ ва ширкатҳои бузургтарини Тоҷикистон – “Барқи тоҷик” ва ТАЛКО-ро ниҳодҳои байналмилалии молӣ ду сол қабл дар пайи ба ироаи маълумоти ғайривоқеъӣ ба хотири дарёфти кӯмакҳои Сандуқи пул муттаҳам шудани Душанбе матраҳ шуд.
XS
SM
MD
LG