Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси ситоди вижа дар сафорати Тоҷикистон дар Бишкек


Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек дар вокуниш ба бурузи ошӯбҳо дар ҷануби Қирғизистон як ситоди вижаи расидагӣ таъсис дода, аз ҳамаи шаҳрвандони тоҷике, ки дар ин кишвар кору таҳсил ва зиндагӣ мекунанд, хостааст, дар ҳар мавриди пеш омадани зарурат ба сафорат муроҷиат кунанд.
Дар баёнияи сафорат омадааст, ки ин ситодро бо дарназардошти вазъи пешомадаи сиёсӣ дар Қирғизистон ва бо ҳадафи ҳалли мушкилоти ба ватан баргаштани онҳое, ки дар Бишкек ва вилоёти Ӯшу Ҷалолобод ва Бодканд ба сар мебаранд, таъсис додаанд. Дар сафорат чанд хатти вижаи телефон барои муроҷиати шаҳрвандон низ фаъол будааст, ки чунин аст:
(996 312) 512343, (996 312) 511637, ( 996 312) 512587, телефони мобил: (996) 777 71 03 43.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG