Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон таҳримоти изофии Аврупоро "ғайримантиқӣ" хонд


Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромини Меҳмонпараст тасмими ИА ҷиҳати эъмоли таҳримоти изофӣ дар посух ба фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаии Эронро “иштибоҳӣ ва ғайримантиқӣ” унвон кард. Вузарои хориҷаи ИА дирӯз дар Люксембург тавофуқ карданд, ки бар таҳримоти ҳафтаи гузашта алайҳи Эрон эъмолкардаи Шӯрои Амният таҳримоти бештареро биафзоянд. Интизор меравад, ин тасмим аз сӯи раҳбарони ИА дар поёни ҳафтаи ҷорӣ низ тасвиб шавад.
Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон дирӯз ҳамчунин азсаргирии музокирот бо раҳбари ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ Саид Ҷалилиро пешниҳод кардааст.
Меҳмонпараст гуфт, ки хонум Эштон чандин фурсатро аз даст дод, вале боз ҳам пешниҳоди ӯ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG