Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Паско ба кушодани як коридори башарӣ


Линн Паско, муовини дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ, хостори билофосила кушодани як коридори башарӣ ба хотири ироаи кӯмак ба осебдидагон дар ҷануби Қирғизистон шуд. Ин мақоми аршади СММ ба Шӯрои Амният гуфт, Узбакистон низ дар роҳи расидагӣ ба паноҳҷӯёни узбак ба кӯмак ниёз дорад.
Шӯрои Амният, ки шоми душанбе мавзӯъи Қирғизистонро баррасӣ кард, ба оромӣ ва барқарории ҳукми қонун дар вилоёти ошӯбзадаи ин кишвари Осиёи Марказӣ даъват кард.
Клод Ҳеллер, сафири Мексика ва раҳбари давраии Шӯрои Амният дар пайи ин иҷлосия гуфт: “Аъзои Шӯрои Амният аъмоли идомадори хушунат дар Ҷумҳурии Қирғизистонро маҳкум ва ба зарурати ироаи оҷилонаи кӯмакҳои башарӣ таъкид карданд. Аъзои ШӮрои Амният ба оромӣ, эҳёи ҳукми қонуну тартибот ва ҳалли сулҳомези ихтилоф даъват мекунанд.”
Вазорати беҳдошти Қирғизистон мегӯяд, тайи 5 рӯзи низоъҳои қавмӣ миёни қирғизҳову узбакҳо дар Ӯшу Ҷалолобод дастикам 170 нафар кушта ва беш аз 1700 тани дигар захмӣ шудаанд. Узбакҳо ва бархе мақомоти имдодии байналмилалӣ мегӯянд, шумори қурбониён боз ҳам бештар аст.
Бино ба бархе хабарҳо, Узбакистон дар пайи ба ин кишвар фурӯ рехтани даҳҳо ҳазор узбаки паноҳҷӯ мавзӯъи баҳстани марзҳояш бо Қирғизистонро баррасӣ мекунад.
Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, як созмони минтақавии таҳти раҳбарии Русия ба манзури кӯмак ба давлати Қирғизистон ҷиҳати хатми ошӯбҳо ирсоли чархболҳо ва таҷҳизоти низомиро пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG