Пайвандҳои дастрасӣ

Дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои ҷанубӣ рӯзи чаҳоруми рақобатҳо, 14-уми июн, се бозӣ баргузор шуд.

Нахуст тимҳои Ҳолланду Дания дар гурӯҳи Е рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи Ҳолланд анҷом ёфт. Ван дер Варт дар дақиқаи 46-ум тӯбро аз самти чап мезанад ва он ба сари бозигари Дания Аггер бархӯрда, вориди дарвозаи дастааш мешавад. Дар дақиқаи 85-ум тӯби задаи Элла ба сутуни дарвоза бархӯрд ва онро Кюйт аз масофаи наздик вориди дарвоза кард.

Бозии дигари гурӯҳи Е байни тимҳои Ҷопон ва Камерун дар варзишгоҳи шаҳри Блумфонтейне бо пирӯзии ҷопониҳо бо ҳисоби як бар сифр ба анҷом расид. Тӯбро ба дарвозаи ҳариф Кейсуке Ҳонда, футболбози дастаи ЦСКА-и Маскав, дар дақиқаи 39-ум зад.

Рӯзи чаҳоруми мусобиқот бозии охирин байни тимҳои Итолиё, қаҳрамони кунунии ҷаҳон, ва Парагвай дар гурӯҳи F доир шуд. Алкарас, ҳимоятгари Парагвай, дар дақиқаи 39-ум тӯби ба ҷаримагоҳ ҳавододаро бо сараш ба тӯри дарвоза зада, ҳисобро кушод. Де Росси, бозигари Итолиё, тӯби аз кунҷи майдон задаи Пеперо ба дарвоза ворид намуда, ҳисобро баробар кард.

Ба ин тартиб дар чаҳор рӯзи мусобиқот 11 бозӣ баргузор шудааст:

Гурӯҳи А – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ) – Мексика – 1:1, Уругвай – Фаронса – 0:0.
ҶАҶ – 1 имтиёз (1 бозӣ). Мексика – 1 (1). Уругвай – 1 (1). Фаронса – 1 (1).

Гурӯҳи В – Кореяи Ҷанубӣ - Юнон -2:0, Аргентина – Нигерия – 1:0.
Кореяи Ҷанубӣ - 3 (1). Аргентина – 3 (1). Нигерия – 0 (1). Юнон -0 (1).

Гурӯҳи С – Инглистон – ИМА – 1:1, Алҷазоир – Словения – 0:1.
Словения – 3 (1). Инглистон – 1 (1). ИМА – 1 (1). Алҷазоир – 0 (1).

Гурӯҳи D – Сербия – Гана – 0:1, Олмон – Австралия – 4:0.
Олмон – 3 (1). Гана – 3 (1). Сербия – 0 (1). Австралия – 0 (1).

Гурӯҳи Е – Ҳолланд – Дания – 2:0, Ҷопон – Камерун – 1:0.
Ҳолланд – 3 (1). Ҷопон – 3 (1). Камерун – 0 (1). Дания – 0 (1).

Гурӯҳи F – Итолиё – Парагвай – 1:1.
Итолиё – 1 (1). Парагвай – 1(1). Зеландияи Нав – 0 (0). Словакия – 0 (0).

Имрӯз, 15-уми июн, ду дастаи дигари гурӯҳи F ва чаҳор дастаи гурӯҳи G вориди сабқат мешаванд. Соати 16.30 бо вақти Душанбе тимҳои Зеландияи Нав ва Словакия (гурӯҳи F) қувваозмоӣ хоҳанд кард. Ду бозии гурӯҳи G соати 19 бо вақти Душанбе байни дастаҳои Кот – Д’ Ивуар ва Португол, соати 23.30 бо вақти Душанбе миёни тимҳои Бразилия ва Кореяи Шимолӣ шурӯъ мешавад.

Дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки барои бори аввал дар қораи Африқо барпо мегардад, 32 тими миллӣ ширкат дорад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз 8 гурӯҳ 16 даста ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Баъдан 8 дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегирад. Сипас бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд.

Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 1930 то инҷониб ҳамагӣ 207 тими миллӣ ширкат кардааст ва 7 даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Бразилия аз ҳама бештар – 5 бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё 4 маротиба (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон 3 бор (1954, 1974, 1990), Аргентина (1978, 1986) ва Уругвай (1930, 1950) дуборӣ, Фаронса (1998) ва Инглистон (1966) якборӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Нахустин қаҳрамони ҷаҳон Уругвай (соли 1930) ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Итолиё (2006) мебошанд.
XS
SM
MD
LG