Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева: Авзоъ таҳти назорат қарор гирифтааст


Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфтааст, ки нерӯҳои амниятӣ ва интизомии ин кишвар бо пуштибонии ихтиёриён ва нерӯҳои даъватшудаи эҳтиётӣ тавонистаанд, авзоъ дар ҷануби кишварро таҳти назорат дароранд. 16 -уми июн дар Қирғизистон рӯзи мотами саросарӣ эълон шудааст.

Хонум Отунбоева гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дар вилояти Ҷалолобод супурдани ихтиёрии силоҳ оғоз шудааст. Ва дар Ӯш тамоми ниҳодҳои давлатӣ дубора фаъол шудаанд.

Отунбоева гуфтааст, баъди гуфтушунидҳои пай дар пай бо раисони ҷумҳурии кишварҳои ҳамҷавори Қирғизистон ва Русия вуруди нерӯҳои СПАД нозарур шуморида дониста шуд. Вале ба Қирғизистон воситаҳои махсуси низомӣ ва фаннӣ ворид карда мешаванд, ки то аз тавсеаи таҳаввулоти хунин ҷилавгирӣ шавад.

Роза Отунбоева мегӯяд, раъйпурсии 27 -июн барои қабули Қонуни асосӣ ҳатман баргузор мегардад.

Вокуниши дигарбораи Тоҷикистон дар мавриди Қирғизистон


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нашри як баёния, бо изҳори нигаронӣ аз авзоъи Қирғизистон, суханони муовини раиси Хадамоти амнияти милии он кишварро дар мавриди ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйдодҳои ҷануби Қирғизистон рад кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки "нерӯҳои сиёҳ ва террористон на ватан доранд ва на миллат".

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки Тоҷикистон дар муносибат бо Қирғизистон ҳамеша ба усули неки ҳамҷаворӣ пойбанд будааст ва хоҳишманди ҳарчи сареътар ором шудани авзоъ дар ҷануби ин кишвари ҳамсоя ва шарики стратегияш мебошад.

Имрӯз расонаҳои хабарӣ аз қавли Қуватбек Бойболов, муовини раиси амнияти милии Қирғизистон хабар доданд, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар нооромиҳои ахири Қирғизистон даст доштаанд ва бархе аз онҳо дастгир шудаанд.

Донишҷӯёни тоҷикро аз Ӯш берун мекашанд

Асомуддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, донишҷӯёни тоҷикеро ки дар ҷануб таҳсил мекунанд, имрӯз ба ватан бармегардонанд. Ба гуфтаи оқои Саидов, ин донишҷӯён ба Мурғоб хоҳнад рафт ва онҳоро то марз намояндаи вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар ҷануб ҳамроҳ бо намояндаи Тоҷикистон дар Ӯш гусел хоҳанд кард.

Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек дар вокуниш ба бурузи ошӯбҳо дар ҷануби Қирғизистон ҳамчунин як ситоди вижаи расидагӣ таъсис дода, ҳалли мушкилоти ба ватан баргаштани шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар Бишкек ва вилоёти Ӯшу Ҷалолобод ва Бодканд ба сар мебаранд, ҳадафи аслии ин ситод унвон кардааст. Дар сафорат барои муроҷиати шаҳрвандон чанд хатти вижаи телефонро низ фаъол кардаанд.

Қирғизистон дар остонаи фоҷеъаи башарӣ

Вазорати беҳдошти Қирғизистон теъдоди кушташудагон бар асари низоъҳои қавмӣ дар ҷануби кишварро 170 нафар эълон кардааст. Аммо гуфта мешавад, теъдоди куштаҳо ба маротиб бештар аз ин аст.

Сели паноҳандагон ҷониби Узбакистон ҳамчунон сарозер мебошад. Чандин кишвар ба ихроҷи шаҳрвандони худ аз Қирғизистон иқдом кардааст.

Алла Пятибратова, хабарнигори мустақил, ки дар Ош қарор дорад, ба Озодӣ гуфт, авзоъ дар ин шаҳр аз субҳ ба ин сӯ, нисбатан оромтар аст. Аммо дар тӯли шаб садои тирпаронӣ шунида мешуд. Дар ҳоли зозир нерӯҳои вижа ҷодаҳои марказии шаҳрро таҳти контрол доранд.
Рӯзи дувввум аст, ки ба шаҳр аз атрофи он кӯмакҳои ғизоӣ оварда мешавад ва дар ҷодаҳо миёни ниёзмандон нону макарон тавзеъ мешавад.

Бархе аз тоҷироне, ки қаблан маводи ғизоӣ савдо мекарданд, акнун ин маводро миёни мардуми шаҳр ё ҳамсояҳои худ тақсим мекунанд.
Аммо дар айни ҳол, бархе ҷодаҳои шаҳр баста мебошад ва расонидани кӯмакҳои башарӣ ба ин манотиқ ғайри мумкин аст. Ба ин далел, дар бархе аз манотиқи дастнорас гуруснагӣ пеш омадааст.

Ҷодаҳо, хонаҳои баландошёнаи шаҳр ва маҳаллаҳои маскунӣ холӣ аз одам ва роҳҳо бемошин ба назар мерасад. Қисме аз сокинон дар шаҳр ба далели он ки имкони онро тарк намуданро надоранд, боқӣ мондаанд.

Максим Боқиев боздошт шуд

Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон дар Британия бо дархости Интерпол боздошт шудааст. Кенешбек Дючебаев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, Максим дар як амалиёти вижа дар фурудгоҳе дар ҷануби Британия боздошт шудааст.

Максим Боқиев
Дючебаев гуфтааст, Максим аз Британия паноҳандагӣ мехост ва бо ҳавопаймоии хусусӣ ба он ҷо парвоз кардааст. Азимбек Бекназаров, як мақоми ҳукумати муваққат гуфтааст, Максим Боқиев ё ба Қирғизистон истирдод мешавад ё дар Британия ба додгоҳ кашонда хоҳад шуд. Максим Боқиевро ҳукумати муваққат дар тиҷорати олуда бо фасод муттаҳам медонад.

Ӯ ва наздикони дигари Қурмонбек Боқиев ҳамчунин дар таҳрики бенизомиҳо дар ҷануби Қирғизистон низ муттаҳам мешаванд.

Амрико ба ҳамоҳангӣ дар мавриди Қирғизистон даъават мекунад

Филип Кровли, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико иттило дод, ки Ҳиллари Клинтон, вазири хориҷии ИМА бо мақомоти ҳукумати муваққати Қирғизистон ва кишварҳои ҳамсояи он беназмиҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ӯ гуфт: “Барои пайдо намудани посухи ҳамоҳангшуди ҷомеъаи байналмилалӣ ба хушунатҳое, ки дар он кишвар идома дорад, мо бо ҳукумати муваққати Қирғизистон, СММ, САҲА ва Русия алоқаҳои бисёр наздик барқарор кардем”.

Куштаҳо ва гурезаҳои ҳаводиси ахири Қирғизистон

Тибқи иттилои мақомоти Бишкек дар натиҷаи задухӯрд миёни қирғизҳо ва узбакҳо дар вилоятҳои Ош ва ҷалолобод, дар қисмати ҷанубии Қирғизистон, ҳадди ақал 170 нафар кушта ва беш аз 1700 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Аммо вазири беҳдошти ҳукумати муваққат гуфтааст, ки ин шумораи ниҳоӣ нест ва имкон дорад шумори кушташудагон дар ҳаводиси чанд рӯзи ахир ба маротиб бештар аз ин бошад.

Гуфта мешавад, ки даҳҳо ҳазор сокинони узбактабори Қирғизистон барои паноҳ бурдан аз ҳамлаи дастаҳои ғоратгар ба Узбакистони ҳамсоя фирор намуданд.

Паноҳандагон

Паскал Миеҷ Вагнер, намояндаи Созмони Байналмилалии Салиби Сурх гуфт, ки шумораи узбакҳои қирғизистоние, ки дар Узбакистон паноҳ бурданд 80 000 нафар аст ва 15 000 нафари дигар омодаанд марзро убур кунанд.

Абдулло Орипов, муовини нахуствазири Узбакистон дируз гуфт, ки кишвараш марз бо Қирғизистонро имрӯз мебандад.

Ин дар ҳолест, ки Навил Пилау Комиссионери СММ дар умури ҳақуқи башар аз Тоҷикистону Узбакистон хоҳиш кард, гузургоҳҳои марзии худро бо Қирғизистон набанданд.

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия вазъи Қирғизистонро таҳаммулнопазир хонда гуфт, ки беназмиҳо ба амнияти тамоми минтақа хатар эҷод мекунад.

Бишкек аз Маскав такроран даъват намуд нерӯҳои посдорони сулҳи худро ба Қирғизистон фиристад, аммо Маскав гуфтааст, ки барои мустақилона бардоштани чунин, гом салоҳият надорад.

Баёнияи Боқиев

Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон, ки моҳи апрел ба Беларусия фирор карда буд мегӯяд, ки барои пахши беназмиҳо Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) бояд неруҳои худро эъзом кунад.

Сокинони Ош
Ӯ гуфт: “Албатта рӯҳияи полис ва нерӯҳои амниятии Қирғизистон тамоман заъиф шудааст. Дар ин вазъият, аз дасташон ҳеҷ ҷиз намеояд. Дар ин ҳолат, амнияти шаҳрвандон чӣ тавр таъмин хоҳад шуд? Танҳо бо истифода аз неруҳои хориҷӣ.”

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД гуфтааст, ки барои фаъолият дар чунин шароит, СПАД тамоми имконоти заруриро дорад, аммо қабл аз бардоштани чунин гом, бояд хуб фикр кард.

Вокуниши Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи гузашта зимни баёнияе гуфт, шаҳрвандони ин кишвар дар бенизомиҳои ҷануби Қирғизистон даст надоранд.

Тоҷикистон аз авзои пешомада дар кишвари ҳамсоя изҳори нигаронӣ намуда, умедвори ҳалли сареъи муноқиша шудааст.

Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ба сурати маъмулӣ фаъол аст ва кормандони сафорат талош мекунанд, ба шаҳрвандони Тоҷикистон бифаҳмонанд, ки дар вазъияти ба вуҷудомада дар Қирғизистон ба иғво дода нашаванд.

Ҳамзамон тибқи хабарҳои расида аз Қирғизистон, сафорати Тоҷикистон дар Бишкек барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишвари хушунатзадаи ҳамсоя як ситоди махсус таъсис додааст.

Масъулини ин ситод бо интишори нишонӣ ва рақамҳои тамос аз тоҷикистониёни сокини шаҳри Бишкек, вилоятҳои Ош, Ҷалолобод ва Бодканд дархост кардаанд, ки барои бозгашт ба ватан ба онҳо муроҷиат кунанд. Шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишварро донишҷӯён ташкил медиҳанд.

Баёнияи дубораи мақомоти қирғиз дар бораи шаҳрвандони тоҷик

Расонаҳои хабарӣ аз қавли муовини раиси амнияти милии Қирғизистон хабар доданд, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар нооромиҳои ахири Қирғизистон даст доштаанд ва бархе аз онҳо дастгир шудаанд.

Ба навиштаи расонаҳо, Қуватбек Бойболов, муовини раиси амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути наздикони Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури сарнагуншудаи Қирғизистон киро шудаанд.

Аммо дар як сӯҳбати дигар бо Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори Озодӣ дар Бишкек, Қуватбек Бойболов ин суханонеро рад карда ва гуфтааст, ки чунин хабареро дар мавриди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ихтиёри матбуот қарор надодааст. Балки ба дасти онҳо низ ин маълумот расидааст ва онро таҳқиқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG