Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун Қирғизистонро ба оромӣ даъват кард


Шӯрои Амнияти СММ рӯйдодҳои ахири Қирғизистонро маҳкум ва ба оромиву риояти қонун даъват кард. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ фиристодаи вижаи худро ба Қирғизистон эъзом мекунад. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ зери фармондеҳии Русия пешниҳод кардааст, ки ба Қирғизистон чархбол ва таҷҳизот мефиристад, то ба ҳукумати муваққатии ин кишвар дар ором сохтани вазъ кӯмак расонад. Навӣ Пиллай-Коммиссари Олии Ҳуқуқи Башари СММ аз вазъи Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард ва аз мақомот хост, ки аз ҳамаи шаҳрвандон дифоъ кунанд.
XS
SM
MD
LG