Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрвандони хориҷӣ дар нооромиҳо даст доранд?


Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли ҳукумати муваққатии Қирғизистон навиштааст, дар робита бо нооромиҳо чанд нафар боздошт шудаанд. Фарид Ниёзов-сухангӯи ҳукумати муваққатӣ гуфтааст, як шахси маълуму маъруф боздошт шудааст, ки нооромиҳоро созмондиҳӣ мекардааст, вале аз вай ном набурдааст. Ба гуфтаи вай, дар миёни афроди машкуки боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон низ будаанд, ки гӯё ҷонибдорони Боқиев онҳоро кироя кардаанд.

XS
SM
MD
LG