Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ширкати тоҷикон дар нооромиҳоро рад кард


Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон иддаоро дар ин бора, ки тоҷикон дар беназмиҳои Қирғизистон даст доранд, рад кардааст. Дар ин бора Давлат Назрӣ-сухангӯи вазорат ба радиои Озодӣ гуфт:

"Мо ҷонибдори он ҳастем, ки дар ин кишвари ба мо дӯст ва бародар ҳар чӣ зудтар вазъ ором шавад ва мардум ба зиндагии оддӣ баргарданд. Дар ҳодисаҳое, ки рӯзҳои ахир дар ҷануби Қирғизистон мегузарад, шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок надоранд ва ин кори дохилии ин кишвари ҳамсоя мебошад".


Давлат Назрӣ гузоришҳои матбуоти минтақаро дар бораи даст доштани тоҷикон дар нооромиҳои Қирғизистон бепояву асос хонд. Вай афзуд, чунин гузоришҳоро ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон таъйид намекунанд.
XS
SM
MD
LG