Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Максим Боқиев дар Британия боздошт шуд


Максим Боқиев-писари Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон дар Британия бино ба дархости пулиси байналмиллалӣ ё интерпол боздошт шудааст. Кенешбек Дючебаев-раиси амнияти миллии Қирғизистон аз телевизиони кишвараш гуфтааст, Максим дар як амалиёти вижа ҳангоми вуруд дар фурудгоҳе дар ҷануби Англия боздошт шудааст. Дючебаев гуфтааст, Максим аз Британия паноҳандагӣ мехост ва бо ҳавопаймоии хусусӣ ба он ҷо парвоз кардааст. Азимбек Бекназаров як мақоми ҳукумати муваққатӣ гуфтааст, Масим Боқиев ё ба Қирғизистон истирдод мешавад ё дар Британия ба додгоҳ кашонда хоҳад шуд. Максим Боқиевро ҳукумати муваққатӣ дар тиҷорати олуда бо фасод муттаҳам медонад.
XS
SM
MD
LG