Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арзёбии Русия аз вазъ дар Қирғизистон


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия вазъ дар Қирғизистонро "ғайри қобили таҳаммул" арзёбӣ кард ва гуфт, он дар минтақа вазъи изтирорӣ ба вуҷуд меорад. Хабаргузориҳои Русия аз қавли Медведев навиштаанд, ки "ҳар имкони мавҷуда барои хатми беназмиҳо" бояд ба кор баста шавад. Бино ба гузоришҳо, ҳукумати муваққатии Қирғизистон аз Русия дархост кардааст, ки ба Қирғизистон нируҳои посдори сулҳ бифиристад. Аммо Маскав гуфтааст, ки ҳақи мустақилона амал карданро надорад. Николай Бордюжа-Дабири Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфтааст, паймони мазкур барои фаъолият аз ҳамаи имконот бархурдор аст, вале қабл аз амал бояд сари он хуб фикр карда шавад. Дар ин паймон Русияву Беларус, Арманистону Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистон узвият доранд.
XS
SM
MD
LG