Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон $1 триллион захираи маъдан кашф шуд


Рӯзномаи "Нию Йорк Таймс" навиштааст, геологҳои Амрико ва мақомоти вазорати дифои ин кишвар дар қаламрави Афғонистон ба арзиши тақрибан 1 триллион доллар захоири дастнахӯрдаи маъдан пайдо кардаанд. Генерал Дэвид Петреус-фармондеҳи ситоди марказии нируҳои Амрико ба ин рӯзнома гуфтааст, ин бозёфт, аҳамияти хеле бузург дорад ва Афғонистон метавонад ба "Арабистони Саудии сурб" табдил ёбад. Сурб маъданест, ки барои батареяҳо ва бисёре аз компютерҳои сайёр ё лэптопҳову телефонҳои ҳамроҳ истифода мекунанд. Дар гузоришҳо гуфта мешавад, захоири зиёде, ки кашф шудааст, захоири оҳану мис мебошад. Аммо геологҳо мегӯянд, ки захоири зиёди кашфшуда маъдани санъатӣ, аз ҷумла сурб ва миқдори зиёди тилло мебошад. Ба гуфтаи мақомот, имконоти пешомада ба Афғонистон заминаи рҳоӣ аз фақрро фароҳам месозад.
XS
SM
MD
LG