Пайвандҳои дастрасӣ

Порламони нави Ироқ нахустин иҷлоси худро доир кард


Дирӯз порламони Ироқ баъд аз се моҳи баргузории интихобот нахустин иҷлоси худро баргузор кард. Интихобот 7-ӯми март баргузор шуда буд. Интихобот бо чунин натиҷа анҷом ёфт, ки ҳеҷ як аз нируҳои сиёсӣ натавонист барои ташкили ҳукумат бартарии комил ба даст орад. Ҳоло баргузории нахустин иҷлос ба унвони қадами аввал дар роҳи ташкили ҳукумат арзёбӣ мешавад. Вале чунин ба назар мерасад, ки ба нируҳои сиёсӣ ҳафтаҳо зарур хоҳад буд, то дар бораи нахзуствазири нав ба тавофуқ бирасанд. Иёд Алавӣ-нахзуствазири собиқ, ки аз ҷониби сунниҳои Ироқ ҳимоят мешавад, бо каме бартарӣ дар интихобот пирӯз шуд. Вале ин пирӯзӣ барои ба даст овардани аксарият кофӣ нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG