Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Амрико ба нооромиҳои Қирғизистон


Дирӯз Амрико аз маҳофили байналмиллалӣ дархост кард, ки ба нооромиҳои Қирғизистон вокуниши ҳамоҳангшуда нишон диҳанд. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, хонум Ҳилларӣ Клинтон бо мақомоти ҳукумати муваққатии Қирғизистон ва баъзе аз кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ барои баррасии вазъ гуфтугӯ кард. Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, дар ин нооромиҳо, дастикам, 124 нафар кушта, тақрибан 1 700 нафар захм бардоштаанд. Даҳҳо ҳазор нафар мардуми узбактабори сокини ҷануби Қирғизистон дар давоми чаҳор рӯзи нооромиҳо аз бими ҳамлаи афроди мусаллаҳи қирғиз аз ин кишвар фирор кардаанд. Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх шумораи паноҳҷӯёнро 80 000 нафар тахмин мезанад ва мегӯяд, 15 000 нафари дигар барои убур аз марз омода шудаанд.
XS
SM
MD
LG