Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтиши қазияи рад шудани Голодомор аз сӯи президент


Як додгоҳи шаҳри Киев тафтиши қазияи аз сӯи раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович рад шудани Голодомор ҳамчун наслкӯшии мардуми украинро оғоз кард. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, аз болои сарвари кишвар ба додгоҳ аъзои Народный Рух Володимир Волосюк шикоят бурдааст. Волосюк мегӯяд, ки Виктор Янукович, зимни суханронӣ дар нишасти Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо дар моҳи апрел, қонуни чаҳор сол пеш аз сӯи парлумон дар робита ба Голодомор, ё ҳалокати мардуми украин ба асари қаҳтии бесобиқа дар солҳри 30-юми қарни гузаштаро, нақз кардааст ва бояд барои ин аз мардуми Украина узрхоҳӣ кунад. Раисиҷумҳури Украина дар нишасти Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо гуфта буд, ки аз қаҳтӣ ё Голодомор на танҳо украинҳо, балки ҳама сокинони давлатӣ шӯравӣ, азият дида буданд.
Ҳукумати пешини Украина мегуфт, ки дар солҳои Голодомор дар Украина аз 3 то 10 миллион нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз нигоҳи онҳо, қаҳтии бузургро режими Шӯравӣ бо ҳадафи барҳам задани ҷунбишҳои озодихоҳи ин кишвар роҳандозӣ карда буд.
Соли 2006-ум вакилони парлумони Украина Голодоморро “наслкӯшии украинҳо” унвон карданд.
XS
SM
MD
LG