Пайвандҳои дастрасӣ

Ба андешаи гурӯҳе аз ҷомеашиносон, дар байни ҷавонони имрӯзи тоҷик ба фарқ аз даврони Шӯравӣ пайдошавии аввалин ожангҳо дар рӯй, сафедӣ дар мӯй, руҳафтодагӣ ва доштани симои бузургсолтар бештар ба назар мерасад.

Ҳарчанд дар ин маврид то ҳол ягон пажӯҳише анҷом нашудааст, вале бархе аз ҷомеашиносон мегӯянд, давраи кӯдакӣ ва наврасии насли ҷавони имрӯз ба замони бӯҳрон ва касодии сахти иқтисодии кишвар рост омадааст, ки бармаҳал бори гарони зиндагиро ба души онҳо гузошта ва ин ба руҳия ва шакли биологии онҳо бетағйир намондааст.

Табибон мегӯянд, торҳои сафед дар мӯи одам аз синни 27 ба боло пайдо мешавад, аммо солҳои ахир шумори қобили таваҷҷӯҳи ҷавонони зери синни 18 ва 20-и тоҷик торҳои зиёди мӯйи сафед доранд.

Бо пешрафти замон талаботи ҷавонон ҳам бештар мешавад. Онҳо мехоҳанд ба тарзи муосир зиндагӣ кунанд, аммо мушкилоти фаровони зиндагӣ монеи амалишавии хостаҳои онҳо мегардад. Дар чунин шароит аксарият дар ҳолати руҳафтодагии иҷтимоӣ қарор гирифта, аксаран роҳи ҳалли мушкилоти худро ҳар яке дар танҳоӣ меҷӯянд.

Мутахассисони соҳаи тиб ба онҳое, ки аз сафедшавии мӯй ё фишорҳои равонӣ ранҷ мекашанд, истеъмоли зиёди меваву сабзавот ва истироҳати бештар дар табиатро тавсеа медиҳанд.

Аммо оё ҷавонони имрӯз, ки бархе ҳанӯз аз синни навраси вориди бозори кор мешаванд, барои хуш гузаронидани наврасиву ҷавонии худ вақт ва имкони тафреҳ ё ҷою мавзеъҳои зарурии фароғатӣ доранд?

Бо ин ҳама чунин ақида ҳам вуҷуд дорад, ки чавонони муосир нисбат ба ҷавонони замони шӯравӣ аз имкониятҳои фаровоне, мисли дастрасӣ ба Интернет, роҳу барномаҳо барои таҳсил дар хориҷа ва амсоли инҳо бархурдоранд. Аммо насли калонсол бар ин андеша аст, ки мушкил дар худи ҷавонон аст, ки чандон фаъол нестанд ва барои дастёбӣ ба муваффақиятҳо кам талош мекунанд.

Вале равоншиносон машварат медиҳанд, ки дар ягон ҳолат набояд руҳафтода ва ноумед шуд. Ба бояд ҳамеша дар фикри дарёфти роҳи ҳалли мушкил буд ва ба оянда бо чашми нек нигарист.

Ин мавзӯъро «Ояндасоз» имрӯз дар сӯҳбат бо ҷавонону равоншиносон баҳсу баррасӣ кард. Агар мехоҳед нишонаҳои пирӣ дар шумо зоҳир нашавад, ҷавон бимонеду ва бо фишору мушкилоти руҳафтодагиву маъюсӣ мубориза баред, пас ҳатман гуфтори «Ояндасоз»-ро гӯш кунед ва аз машваратҳои хуби равонӣ бархурдор шавед.

Вобаста

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG