Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони турк назари Вошингтонро тағйир доданианд


Гурӯҳи вакилон аз ҳизби ҳукмрон дар парлумони Туркия, имрӯз ба хотири рафъи сару садоҳо оид ба дур шудани Анқара аз кишварҳои ғарбӣ, ба ИМА сафар кард. Ҳизби исломии Адолат ва рушд, ки аз соли 2002 сарвари кишварро бар дӯш дорад, ҳадсзании ахири вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар бораи сабабҳои бад шудани равобити Туркия ва Ғарбро қатъ рад кард. Раҳбари Пентагон тахмин зада буд, ки посухи ради Иттиҳодияи Аврупо барои суръат бахшидан ба раванди қабули Туркия ба Иттиҳодия боиси тағйири сиёсати хориҷии Анқара ва бад шудани равобиташ бо Исроил шудааст.
XS
SM
MD
LG