Пайвандҳои дастрасӣ

Созиши қирғизҳову ӯзбакҳо дар бораи хатми низоъ


Бар асари бенизомиҳо дар ҷануби Қирғизистон, тибқи иттилоъи ахир, 124 нафар ба ҳалокат расидаанд. 1685 нафар хостори кумаки тиббӣ шудаанд, 824 тани онҳо ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар ин бора хабаргузориҳои қирғизӣ бо такя ба вазорати ҳифзи сиҳати кишвар хабар доданд.
Азимбек Бекназаров, муовини раиси ҳукумати муваққати Қирғизитсон, ба "Интерфакс" гуфтааст, ки авзоъ дар шаҳри Ҷалолобод ва ноҳияи Сӯзак рӯ ба эътидол аст ва раҳбарони ҷамоаҳои ӯзбакҳову қирғизҳо ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ дар бораи хатми низоъ ва назорати муштараки маҳаллаҳои ӯзбакнишин аз сӯи кормандони милиса ва ихтиёриён ба созиш расидаанд. Ва аммо то ҳол дар бораи натоиҷи музокирот дар шаҳри Ӯш иттилоъе нарасидааст.
XS
SM
MD
LG