Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои нокофии Тоҷикистон


Давлати Амрико бо нашри гузорише дар мавриди қочоқи инсон дар ҷаҳон, талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои маҳви ба истилоҳ “ғуломфурӯшии муосир”-ро нокофӣ хондааст.

Ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Амрико, агарчӣ ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои гузашта барои мубориза бо одамфурӯши талошҳои қобили мулоҳизае кардааст, аммо талошҳояҳош ба меъёрҳои ҳадди аққали мубориза бо қочоқи инсон мувофиқ набудааст. Аз ин рӯ Тоҷикистон дар феҳрасти таҳти муроқибати Амрико қарор дорад, ки ин гӯяндаи вазъи начандон хуби мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон аст.

Тоҷикистион - манбъаи таъмини Арабистон ва Туркия ба духтар?

Вазорати умури хориҷаи Амрико Тоҷикистонро як манбаъи қочоқи духтарон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Русия, Арабистони Саудӣ ва Туркия хондааст, ки аз роҳи Қирғизистон ба он кишварҳо рафта ва умдатан мавриди сӯистифодаи ҷинсӣ қарор мегиранд. Аммо танҳо занони тоҷик набудаанд, ки қурбонии ғуломдорони қарни 21 мешаванд, балки мардони тоҷикро низ ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Амрико барои кори иҷборӣ ба Русия ва баъзан ба Қазоқистону Афғонистон мебаранд ва аз нерӯи онҳо дар арсаҳои заҳматталабу сахти сохтмон ва кишоварзӣ сӯистифода мекунанд.

Вазорат аз омори Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират иқтибос кардааст, ки солона як миллион нафар аз тоҷикон довталабона ба Русия муҳоҷират мекунанд, вале аксарияташон мавриди сӯистифода қарор мегиранд. Дар гузориш ҳамчунин мехонем, ки кӯдаконро дар дохили Тоҷикистон ҳам ба рӯспигӣ ва ҳам гадоӣ маҷбур мекардаанд.

Ончӣ ки дар гузориши имсолаи вазорати умури хориҷаи Амрико бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст, ҷалби иҷбории кӯдакону калонсолон ба ҷамъоварии ҳосили пунба аст, ки ба як амри маъмулӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ҷалби омӯзгорон ва табибон низ ба ҷамъоварии ҳосилро вазорати умури хориҷаи Амрико нақзи ҳуқуқи ин афрод хондааст, ки дар ивази ин корашон ба онҳо ҷуброне пардохта намешавад.

Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳукумати Тоҷикистон интиқод кардааст, ки дар соли гузашта монеъи мақомоти расмие нашуд, ки кӯдакону бузургсолонро бар хилофи хоҳиши онҳо ба пунбачинӣ ҷалб мекунанд.

Истифода аз кори кӯдакон дар Тоҷикистон

Агарчӣ соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне, ҷалби донишҷӯён ба пахтачиниро ва аз ҷумла кӯдаконро мамнӯъ эълом кард, аммо ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Амрико ин дастур дар бисёре аз ноҳияҳои пахтапарвар иҷро нашуд. Дар гузориши вазорати умури хориҷаи Амрико ҳамчунин мехонем, ки ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар амри мубориза бо одамфӯрушӣ пешрафти маҳдуде кардаанд.

Соли 2009 мақомоти расмӣ, дар мавриди 9 таҳқиқи парвандаи марбут ба одамфурӯшӣ гузориш додаанд, агарчӣ дар соли 2008 23 чунин парванда таҳқиқ шудааст. Додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2009 се нафарро бо гуноҳи одамфурӯшӣ ҷазо додаанд. Қонуни Тоҷикистон барои одамфурӯшӣ аз 5 то 15 соли зиндон пешбинӣ кардааст ва он се нафар низ аз 5 то 10 соли зиндон ҷазо гирифтаанд.

Вазорати умури хориҷаи Амрико аз кӯшишҳои ҳамкории мақомоти интизомии Тоҷикистон бо мақомоти Русия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ёдовар шуда ва аз сафари гурӯҳе аз маъмурони амниятии Тоҷикистон ба Дубай навиштааст, ки ҳосили он сафар бозгардонидани се қурбонии одамфурӯшӣ ва маълум кардани ҳуввияти 10 нафар муттаҳам ба чунин ҷиноят анҷом ёфтааст.

Дар иртибот ба масоили ҳимоят аз қурбониёни қочоқи инсон вазорати умури хориҷаи Амрико, мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2009 дар ин замина кӯшиши андаке ба харҷ додааст. Дипломатҳои тоҷик гуфтаанд, ки дар соли 2009 ба нӯҳ нафар аз қурбониёни қочоқ паноҳгоҳ додаанд.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон даҳ нафари дигарро барои муроқибат ба ихтиёри Созмони Байналмилалии Муҳоҷират додааст, ки барномаи ҷиҳати кӯмак ба қурбониёни қочоқи инсон иҷро мекунанд. Соли гузашта ин созмон ба 48 қурбонии қочоқ кӯмак кардааст, агарчӣ теъдоди онҳо дар соли 2008 камтар яъне 38 нафар будааст. Онҳое, ҳам ки кӯмаки молӣ ва ё сарпаноҳ гирифтаанд, аз ҳисоби созмонҳои ғайриҳукуматие будааст, ки аз муассисаҳои байналмилалӣ ва ё хориҷӣ кӯмак мегиранд.

Тавсияҳо ба ҳукумати Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ дар мавриди қочоқи инсон ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, то парвандаи гунаҳкорони одамфурӯшӣ, ба шумули онҳоеро, ки аз нерӯи кории афрод сӯистифода мекунанд, ҳамаҷониба таҳқиқ карда ва ба онҳо ҷазои сазовор диҳад.

Дигар ин ки маблағгузории ниҳодҳои интизомиро афзоиш дода ва ҳамкорӣ бо шарикони хориҷиашро дар ин замина тақвият бахшад. Дар иртибот бо масъалаи сафарбар кардани кӯдакону бузургсолон чиниши пунба, вазорати умури хориҷаи Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то нагузорад, ки ин кор такрор шавад.

Ҳангоми мавсими ҷамъоварии ҳосил, ҷараёни таҳсил ҳузури муҳассилин дар мактбаро назорат кунад ва мақомотеро, ки кӯдаконро маҷбуран кор фармуда ва аз нерӯи онҳо истифода мекунанд, ба зиндон андозад.
XS
SM
MD
LG