Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ба тафтиши воқеъбинонаи Исроил бовар надорад


Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия, иҳзор намуд, ки кишвараш ба воқеъбин будани комиссиюни таъсискардаи ҳукумати Исроил бовар надорад. Дар як нишасти хабарӣ дар Анқара ӯ гуфт, “давлате, ки ба киштиҳои мулкӣ ва дар обҳои байнулмилалӣ ҳамла мекунад, тафтиши воқеъбинона доир нахоҳад кард. Аз ин рӯ мо таъсиси комиссиюни байнулмилалии таҳти назорати мустақими Созмони Милалро талаб дорем. Тафтиши якҷониба аз сӯи Исроил барои мо маъное надорад”.
Имрӯз ҳукумати Исроил хабар дод, ки барои тафтиши сабабҳои ҳалокати 9 ҳомии ҳуқуқи башар дар як амалиёти нерӯҳои дарёии кишвар комиссиюн таъсис додааст. Ба ин комиссиюн додраси собиқи Додгоҳи олии Исроил Яков Туркел сарварӣ мекунад. Дар тафтишот ду нозири байнулмилалӣ - барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел лорд Вилям Дэвид Тримб аз Ирландия ва генерали мустаъфӣ, собиқ Додситони низомии Канада Кен Уоткин ширкат хоҳанд кард. Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, изҳори итминон кард, ки “тафтишоти комиссиюн худдифоӣ ва мутобиқ ба ҳама меъёрҳои байнулмилалӣ будани амали низомиёни Исроилро тайид мекунад”.
Рӯзи 31-уми май амалиёти нерӯҳои Исроил дар корвони киштиҳои ҳомили кӯмаки башарӣ барои навори Ғазза ба хушунат печид. Дар ин амалиёт 9 ҳомии ҳуқуқи башари пуштибон аз Фаластин кушта шуданд, ки ҳашт нафари онҳо шаҳрвандони Туркия буданд. Корвони киштиҳо мехост муҳосираи дарёии навории Ғазза аз сӯи Исроилро шикаста, барои мардуми ин минтақа кумаки башарӣ расонанд.
Аз ин пеш мақомоти Исроил даъвати тафтиши мустақилонаи байнулмиллалии ин ҳодисаро рад карда буданд.
XS
SM
MD
LG