Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон аз қабули фирориён сарпечӣ мекунад


Ӯзбакистон бархе аз гузаргоҳҳои марзияш бо Қирғизистонро дубора бастааст. Расонаҳои қирғизӣ бо такя ба шоҳидон навиштанд, ки марзбонҳои ӯзбак ба тақрибан ду ҳазор нафар иҷозаи убур аз гузаргоҳи “Хонобод”-ро надоданд.
Ҷамоаи ӯзбакҳои Ҷалолобод мегӯяд, ки бар асари низоъи байниқавмӣ дар ин шаҳр тақрибан 700 ӯзбак кушта шудааст. Ва аммо, бар пояи иттилоъи расмӣ, бар асари бенизомиҳо дар ҷануби Қирғизистон 118 нафар ба ҳалокат расида ва беш аз 1600 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Хабаргузории русии “Интерфакс” иттилоъ дод, ки ҷамоаи ӯзбаҳо дар деҳаи Сузак даҳ қирғизро гаравгон гирифтаааст.
Мақомоти Қирғизистон дар бораи шурӯъи гуфтушунидҳо миёни ҷамоаҳои қирғизҳову ӯзбакҳо дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод хабар доданд. Дар ин шаҳрҳо, бо вуҷуди интиқоли нерӯҳои иловагии артиш ва вазорати умури дохилӣ, вазъ ноором боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG