Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил қазияи "Новгони Озодӣ"-ро тафтиш мекунад


Ҳукумати Исроил аз таъсиси комиссиюни тафтиши сабабҳои ҳалокати 9 ҳомии ҳуқуқи башар дар як амалиёти нерӯҳои дарёии кишвар хабар дод. Ба ин комиссиюн додраси собиқи Додгоҳи олии Исроил Яков Туркел сарварӣ мекунад. Дар тафтишот ду нозири байнулмилалӣ - барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел лорд Вилям Дэвид Тримб аз Ирландия ва генерали мустаъфӣ, собиқ Додситони низомии Канада Кен Уоткин ширкат хоҳанд кард.
Рӯзи 31-уми май амалиёти нерӯҳои Исроил дар киштиҳо бо кӯмакҳои башарӣ барои навори Ғазза ба хушунат печид ва сабаби кушта шудани 9 ҳомии ҳуқуқи башари пуштибон аз Фаластин шуд. Ҳашт нафари онҳо шаҳрвандони Туркия буданд. Сарнишинони корвони киштиҳо зери шиори "Новгони Озодӣ" мехостанд муҳосираи дарёии навории Ғазза аз сӯи Исроилро шикаста, барои мардуми ин минтақа кумаки башарӣ расонанд. Ҳамла ба корвони киштиҳои ҳомили кумаки башарӣ вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард ва боиси таниши лафзӣ миёни Исроил ва Туркия шуд.
Аз ин пеш мақомоти Исроил даъвати тафтиши мустақилонаи байнулмиллалии ин ҳодисаро рад карда буданд.
XS
SM
MD
LG