Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти ҳамла ба Бонки марказӣ дар Бағдод нашр шуд


Бар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи якшанбе ба Бонки марказии Ироқ дар Бағдод 26 нафар ба ҳалокат расиданд. Теъдоди дақиқи қурбониёни ҳодиса ахиран эълон шуд. Дар ин ҳамла даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Рӯзи якшанбе дар канори Бонки марказӣ чанд инфиҷор рӯх дод ва ба думболи ин афроди ҳамлагар бо кормандони полис вориди даргирӣ шуданд. Задухӯрд тақрибан се соат идома дошт. Намояндаи артиши Ироқ генерал Қосим ал-Мусавӣ дар ин ҳамла гурӯҳи “Ал-Қоида” дар Ироқро айбдор кард ва афзуд, ки ба ҳамлагарон ғорати бонк муяссар нашудааст.
Дар ҳамин ҳол имрӯз дар Бағдод нишасти нахустини парлумони нави кишвар баргузор мешавад. Аҳзоби асосии Ироқ барои ташкили ҳукумати нав бар пояи натоиҷи интихоботи парлумонии моҳи март муваффақ нашудаанд.
XS
SM
MD
LG