Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии «Истиқлол» аз вазифааш сабукдӯш шуд


Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Рӯзи 12-уми июн дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дастаи мизбон – «Регар» ТадАЗ бар тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ҷомихон Муҳиддинов дар дақиқаи 2-юм ҳисобро боз кард. Голи дуввумро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 39-уми бозӣ ба самар расонд.

Рӯзи шанбе, инчунин, дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат дастаи мизбон – «Хайр» - тими «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ду голро Обидҷон Исмоилов ( дар дақиқаҳои 43-юм ва 90+1) ва як голро Раҳмоналӣ Баротов (дар дақиқаи 83-юм) заданд.

Ду бозии дигари даври 11-ум рӯзи якшанбе баргузор шуд. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи «Пахтакор» тими меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Нӯъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари «Вахш», дар дақиқаи 19-ум тӯби ба ӯ ҳавододаи Рустам Хоҷаевро аз ҷаримагоҳ бо сар ба тӯри дарвоза зада, ҳисобро кушод. Вале дар дақиқаи 50-ум Мансур Ҳакимов, ҳамлагари «Парвоз», бо зарбаи сахту ногаҳонӣ аз масофаи тахминан 25 метр дарвозабони «Вахш» Фарҳод Юлдошевро маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад. Голи ҳалкунандаро Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари «Вахш», дар дақиқаи 73-юм ба самар расонд.

Бозии охирини даври 11-ум дар варзишгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе сурат гирифт. Ғайричашмдошт ин бозӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт. Ду голи «Равшан»-ро Зариф Рустамов ба самар расонд. Голҳои «Истиқлол»-ро Нуриддин Давронов ва Юсуф Рабиев заданд.

Воқеъан, дар ҷараёни бозӣ, вақте ки ҳисоб 2:1 ба фоидаи «Равшан» буд, капитани «Истиқлол» Юсуф Рабиев аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист.

Пас аз бозии «Истиқлол» ва «Равшан» бо тасмими раҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» сармураббии даста Салоҳиддин Ғафуров аз вазифааш сабукдӯш шуд. Оқои Ғафуров дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард. Қаноат Латифов, ки аз ин пеш мураббии калони даста буд, алъон иҷрокунандаи вазифаи сармураббии «Истиқлол» аст.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 25 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 22 имтиёз дар ҷои дуввум қарор дорад. Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 21 имтиёз дар ҷои саввум аст.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 19-уми июн


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ (Турсунзода)

9

8

1

0

31-3

25

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

10

6

4

0

22-6

22

3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

10

6

3

1

14-8

21

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

10

5

2

3

17-13

17

5.

«Энергетик» (Душанбе)

10

3

2

5

13-16

11

6.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

10

2

2

6

12-18

8

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

1

4

5

12-21

7

8.

ССКА«Помир» (Душанбе)

9

1

4

4

5-16

7

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

10

0

2

8

6-30

2


Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) бо 10 гол дар ҷои аввал ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») бо 9 гол дар ҷои дуввум мебошанд.

Даври 12-ум 19-уми июн (шанбе)
ССКА «Помир» - «Равшан»
«Истиқлол» - «Хайр»

20-уми июн (якшанбе)
«Парвоз» - «Регар» ТадАЗ
«Энергетик» - «Вахш»
XS
SM
MD
LG