Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гирдиҳамоиҳо дар Бишкек ва Ҷалолобод


Намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии Қирғизистон дар канори бинои дафтари СММ дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ доир карда, хостори вуруди нерӯҳои посдори сулҳ ба ҷумҳурӣ шуданд. Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, айни ҳол дар майдони марказии шаҳри Ҷалолобод ҳам гирдиҳамоӣ бо ширкати тақрибан ду ҳазор сокини маҳаллӣ идома дорад. Бархе аз онҳо даъват мекунанд, ки куштору ғорат дар маҳаллаҳои ӯзбакнишини шаҳр идома ёбад.
Ба иттилоъи вазорати ҳифзи сиҳати Қирғизистон, бар асари задухӯрдҳои рӯзҳои ахир дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод 117 нафар кушта ва тақрибан 1500 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳазорҳо ӯзбактаборҳо аз вилоёти ҷанубии Қирғизистон фирор кардаанд.
Имрӯз мақомоти Қирғизистон дар бораи боздошти сиёсатмадоре хабар доданд, ки дар ташкили нооромиҳо дар вилояти Ҷалолобод гумонбар мешавад. Ному насаби ӯ алҳол махфӣ нигаҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG